به نام خدا
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
Расули Худо (с) барои асҳоби хеш дар охирҳои моҳи шарифи Шаъбон барои омода шудан истиқбол аз моҳи шарифи Рамазон хутбае хонданд, ки ба “Хутбаи Шаъбония” машҳур аст.
Дар ин хутбаи нуронӣ азамати моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ ва вазоифи фардӣ ва иҷтимоии рӯзадорон ва баракатҳои он дар дунё ва охират баён шудааст.
Аз Худованд мехоҳем, ки ҳамаи моро бо амал ба он аз баракатҳои ваъдадода шуда дар дунё ва охират баҳраманд гардонад.
🟢 Азамати моҳи Рамазон ва вазифаҳои рӯзадор аз забони Расули Худо (с) - бахши аввал
✅ عنِ الرِّضَا عَنْ آبَائِهِ عَنْ عَلِیٍّ قَالَ إِنَّ رَسُولَ اللَّهِ صلی الله علیه و آله خَطَبَنَا ذَاتَ یَوْمٍ فَقَالَ:
Аз ҳазрати Ризо нақл шуда, ки аз падаронаш аз имом Алӣ нақл шудааст, ки фармуд: Дар ҳақиқат Расули Худо (Дуруди Худо бар ишон ва Олаш бод) рӯзе барои мо суханронӣ кард ва фармуд:
1️⃣ أیُّهَا النَّاسُ إِنَّهُ قَدْ أَقْبَلَ إِلَیْکُمْ شَهْرُ اللَّهِ بِالْبَرَکَةِ وَ الرَّحْمَةِ وَ الْمَغْفِرَةِ
🌙 Эй мардум, ба ростӣ моҳи Худо бо баракат
ва раҳмату мағфират ба сӯи шумо
рӯ овардааст.
2️⃣ شهْرٌ هُوَ عِنْدَ اللَّهِ أَفْضَلُ الشُّهُورِ وَ أَیَّامُهُ أَفْضَلُ الْأَیَّامِ وَ لَیَالِیهِ أَفْضَلُ اللَّیَالِی وَ سَاعَاتُهُ أَفْضَلُ السَّاعَاتِ.
🌙 Моҳе, ки назди Худо беҳтарин моҳҳо ва рӯзҳояш беҳтарин рӯзҳо ва шабҳояш беҳтарин шабҳо ва лаҳзаҳояш беҳтарин лаҳзаҳост.
3️⃣ هوَ شَهْرٌ دُعِیتُمْ فِیهِ إِلَی ضِیَافَةِ اللَّهِ وَ جُعِلْتُمْ فِیهِ مِنْ أَهْلِ کَرَامَةِ اللَّهِ
🌙 Ин моҳест, ки дар он шумо ба меҳмони Худо даъват ва дар он аз аҳли каромати Худо шудаед
4️⃣ أنْفَاسُکُمْ فِیهِ تَسْبِیحٌ وَ نَوْمُکُمْ فِیهِ عِبَادَةٌ وَ عَمَلُکُمْ فِیهِ مَقْبُولٌ وَ دُعَاؤُکُمْ فِیهِ مُسْتَجَابٌ
🌙 Нафасҳои шумо дар ин моҳ савоби тасбеҳ ва зикри Худо ва хоби шумо савоби ибодат дорад ва амалҳоятон дар он қабул ва дуоҳоятон мустаҷоб аст
5️⃣ فاسْأَلُوا اللَّهَ رَبَّکُمْ بِنِیَّاتٍ صَادِقَةٍ وَ قُلُوبٍ طَاهِرَةٍ أَنْ یُوَفِّقَکُمْ لِصِیَامِهِ وَ تِلَاوَةِ کِتَابِهِ
🌙 Пас, аз Парвардигори хеш бо ниятҳои рост ва дилҳои пок бихоҳед, ки шуморо ба рӯзаи ин моҳ ва тиловати Қуръон муваффақ гардонад.
6️⃣ فإِنَّ الشَّقِیَّ مَنْ حُرِمَ غُفْرَانَ اللَّهِ فِی هَذَا الشَّهْرِ الْعَظِیمِ
🌙 Чун ба ростӣ, бадбахт касе аст, ки дар ин моҳи бузург аз омурзиши Худо маҳрум шавад.
🙏 Худоё, моро дар моҳи шаъбон ба хусус лаҳзаҳои охири он биёмурз ва бо омодагӣ барои баҳраи беҳтар ва бештар аз моҳи зиёфати худат вориди моҳи рамазон гардон!
🙏 Илоҳӣ омин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1