(Тарчумаи шеъри Есенин)
Дуруд эй модари пирам, анисам,
Туро ман ёд кардам аз дилу ҷон.
Илоҳо, партави моҳи амонӣ
Намояд кулбаатро қасри шоҳон.
Аё модар, ба ман гуфтанд дирӯз,
Ки дар ботин ғами бисёр дорӣ,
Парешон гашта аз ман ҳар шабу рӯз,
Мисоли мавҷи дарё беқарорӣ.
Ба тан камзоли беранги қадима
Ту то кай мебароӣ бар сари роҳ?!
Ду чашмат хира шуд аз роҳпоӣ,
Дилат садпора шуд аз дарду аз оҳ.
Аё модар, ба ман гуфтанд дирӯз,
Ки дар хобат маро ранҷур дидӣ.
Ки дар хобат касе бар синаи ман
Бизад теғу ту ҳиҷронҳо кашидӣ.
Саломат ман,Худоро шукр,модар,
Магӯ ҳазён, марезон оби дида.
Ки ман охир наям он қадр бодӣ,
Ки мирам рӯи модарро надида.
Писарҷонат ҳамон сон нозпарвар,
Сари андеша мехояд қаламро.
Бихоҳад зуд дар оғӯши гармат
Бисӯзонад ҳама дарду аламро.
Худо хоҳад,ба он кошонаи меҳр
Биҳишти кӯдакии бегуноҳам
Баҳорон бозмегардам чу булбул
Ба ёди ғунҷаҳои зодгоҳам.
Ту танҳо модарам, ҳар субҳи содиқ
Макун бедор аз хобам дигарбор.
Ки ман акнун наям пешина ошиқ
Ба он эъҷозу рағбатҳои бисёр.
Макун бедор уммеди диламро,
Ки он армон шудӣ чун барги резон.
Басо барвақт ман афсурда гаштам
Дар ин дунё,ки озораш фаровон.
Ибодат кун, магӯ ин дафъа модар,
Ки дар дил фикрати ночиз бисёр.
Туӣ якдона беминнат анисам,
Дили пур, ҷавшани тан, нури дидор.
Инак, модар, ғаматро дуртар кун,
Бишин дар кулбаат бе дарду бе оҳ.
Ба тан камзоли беранги қадима
Маро пазмон машав андар сари роҳ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев