Вақте, ки Халифа ин саҳнаро дид асои дарозе, ки дар даст дошт ба пушти он писар оҳиста заду гуфт:аз гузаргоҳи мардум бархезу рав, зеро гузаргоҳро банда кардаи, он писар, ки дар ҳақиқат роҳи мардумро банд карда буд бархесту рафт. Амирул муминин вақте, ки ба хона баргашт ба хотири он калтаке, ки пеш аз огоҳ кардан он писарро задабуд худро нороҳат ҳис кард, зеро виҷдону имони ӯ ба он корро одат накарда буд, пас аз чанд руз Умар (р) ду бора он писаро дар роҳ дид, аз ӯ пурсид: ай писари Салама мехоҳи имсол ба ҳаҷ бирави, ӯ дар ҷавоб гуфт: ай Амирул муминин! Ман мехоҳам ҳар сол ба ҳаҷ биравам, аммо гуфту сокит шуд, пеш аз онки он писар ҷавоб диҳад, он ҳазрат дастони Аёсро гирифту ба ӯ гуфт: ту ниёз ба пул дори? ҲазратиУмар (р) ӯро ба хонаи худ бурд ва шашсад дирҳам барои дилҷӯи ва наранҷидани он ба ӯ дод ва фармуд:ай ибни Салама! Аз ин пул барои сафари ҳаҷ истифода кун, зеро ҳақиту аст. Он писар бо таъаҷуб пурсид: ҳақи ман! чаро? Ҳазрати Умар (р) ба оромӣ ба пушти ӯ сила карда гуфт: ин ба хотири он калтаке, ки дар бозор ба оромӣ ба пушти ту зада будам, Ибни Салама гуфт: ай амирул муминин! Ман онро фаромуш карда будам шумо ба ёдам овардед. Ҳазрати Умар (р) гуфт: вале ба Худо қасам ман онро фаромуш накардаам...ВАЛЛОХУ АЪЛАМ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2