Вақте, ки зани подшоҳ мегузашт, якеашон мегуфт : Худовандо маро аз фазли худ бениёз бигардон ... Гадои дигар бошад, мегуфт : Худоё маро аз фазилати зани подшоҳ бениёз бигардон. Зани подшоҳ овози ин ду гадоро шунида ба шахсе, ки "Фазли Худоро" талаб мекард , ду дирҳам ва ба шахсе, ки "фазилати зани подшоҳ"-ро талаб мекард, ҳар рӯз як мурғи бирён дар дохилаш даҳ динор мефиристод. Соҳиби мурғи бирён бошад ҳамаруза мурғи бирёнро ба гадое, ки ду дирҳам мегирифт, мефурухт вале ӯ хабар надошт, ки дар дохили мурғ даҳ динор аст. Аз байн даҳ руз гузашт, зани подшоҳ назди шахсе, ки фазилату ӯро мехост, омада гуфт : -Оё фазилати ман туро бениёз нагардонид?! Гадо гуфт : -Чаро? Зани подшоҳ гуфт : Дар ин даҳ рӯз барои ту сад динор фиристодам . Гадо гуфт : Не , балки бароям як мурғи бирёнам мефиристодӣ ва ман онро ба ду дирҳам ба ин гадо мефурухтам . Зани подшоҳ хандида гуфт : Тк, ки аз "фазилати ман" хостӣ, Худованд туро маҳрум сохт ва рафиқат бошад аз "фазли Худо" хост, Худованд ӯро бениёз гардонид. Ибратҳо: 1- Шахсе, ки такя ба мардум мекунад - хор мегардад . 2- Шахсе, ки такя ба моли худ мекунад - молаш кам гардад. 3-Шахсе, ки такя бар илми худ мекунад - гумроҳ гардад . 4-Шахсе, ки такя бар худ мекунад, малол гардад. 5-Вале шахсе, ки ба АЛЛОҲ ТАъОЛО такя мекунад, ҳаргиз хору зор - кам - гумроҳ ва малол намегардад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев