Предыдущая публикация
Бар шонаи Худои худам гиря мекунам
Ин ҳолам ошност, худам мешиносамаш
Бо ҳоли ошнои худам гиря мекунам.
Аз ишқ менависам, аз ин ҳисси лаънатӣ
Бо шеър по ба пои худам гиря мекунам.
Мехонам аз сукути амиқу ҳамешагӣ
Ин гуна бо садои худам гиря мекунам.
Пеш омадаст ишқу ақабгард кардаам
Бар сайри қаҳқарои худам гиря мекунам.
Умрест мекашам бадани хастаро ба дӯш
Умрест дар азои худам гиря мекунам.
Ин шеъри охар асту ғамам носуруда монд
Бар шеъри носарои худам гиря мекунам.
То пеш аз ин барои шумо гиря кардаам
Имшаб фақат барои худам гиря мекунам....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев