Худоро шукр ба чунин тавфиқе, ки то ҳар шабу ҳар руз дар ҳақи якдигар дуъо мекунем.
Дустон! Қадри ин лаҳзаҳои беҳтаринро бидонем. Бо ному ёди Аллоҳи мутаъол ва салому дуруд бар сардори ду олам Муҳаммади Мустафо (с) шурӯъ мекунем.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Ба ҳаққи Лоилоҳа илло анта субҳонака инни кунту миназзолимин
Ё Раҳмону ё Раҳим. Эй бахшандаю меҳрубон
Бибахш гуноҳони моро.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Моро бо гуноҳонамон муҷозот накун. Ё Аллоҳ! Марги боиззат насибамон гардон.
Ё Аллоҳ! Ба ҳоли мо бандагони заифат раҳм кун.
Ё Аллоҳ! Илтимосат мекунем, эй Худои меҳрубон ин бемориро аз байни тамоми муслимини уммати Муҳаммад (с) решакан кун.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Хоҳише аз Ту дорем агар ба салоҳу хайри мо аст меҳри иҷобататро насибамон гардон.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Ҳоҷатҳои тамоми дустону бародаронамро баровардаи хайр кун
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Мушкилоти ҳамаи мо бандагони заифатро ҳал кун.
Бор Илоҳо мо заифен, нотавонем, бор Илоҳо тавоно туӣ ҳал кун мушкилоти моро
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Тамоми наздикону дӯстону бародаронамро мавриди мағфиратат қарор бидеҳ
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Сакароти мавтро барои мо осон бигардон ва моро аз азоби қабру ҷаҳаннам наҷот бидеҳ.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Шафоати Расулуллоҳ (с) насиби мо бикун ва дидоратро дар ҷаннатул Фирдавс насибамон кун.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Худат ба ҳоли мо бандагони гунаҳкорат раҳм кун ва то покамон накардӣ хокамон накун.
Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ! Ё Аллоҳ!
Моро тавфиқи итоату бандагии бештар дар шабҳои даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон насибу рузиамон бигардон то ин шабзиндадориҳо сабаби мағфирати тамоми гуноҳон ва ҳидоят дар умри боқимондаамон гардад. Худоё салому дуруди моро ба Паёмбарат бирасон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев