Ба унвони як далел ба тарафдории ширк ин далелро мисол овардаанд, ки ин дини ниёгон аст. Бузургтарин монеа миёни онон ва миёни нидои Паёмбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) сухани онҳо чунин буд: «Вай ниёгони моро аблаҳ медонад, гузаштагони моро сарзаниш мекунад ва худоёни моро сарзаниш мекунад». Ин далели онҳост, ҳарчанд дар асл онҳо ба ҷуз ин ки ниёгони худро дар ин дин ёфтаанд ва аз онҳо пайравӣ кардаанд, ҳеҷ далеле надоранд.
Ва маҳз ҳамин тавр ҷамоаҳои гуногун аз паи ҳамдигар мераванд ва ҳамаашон то имрӯз як далелро баён мекунанд. Фақат бо ҳамин усул. Имрӯзҳо бисёр одамон, вақте ки шумо ба онҳо мегӯед: «Ин корро накунед, зеро ин ҳаром аст», онҳо ҷавоб медиҳанд: «Ҳама ин корро мекунанд».
Ин далели кофирони пешин аст.
Сухани Аллоҳ: وَكَذَٰلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِم مُّقْتَدُونَ
(Сураи Аз Зухруф - 23)
Ва он тавр пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, мутанаъимонаш (соҳибнеъматонаш) гуфтанд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба амалҳои онҳо иқтидо (пайравӣ) мекунем».
Бубинед. Тафсири Шайх Ал-Ғунаймон ба китоби: «Бартараф кардани шубҳа» (Кашф-аш-шубуҳот).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев