Бархэ кӯшиш мекунанд, овози хешро ба касе монанд кунанд, ҳаракати худро ба ҳаракати касе монанд карданй мешаванд, саъй мекунанд мисли нафаре возеҳсухан ҳарф бизананд. Монанди зоғе, ки роҳравиву хониши кабкро ҳавас карда, аз пайи тақлиди саканоту ҳаракоти кабк шуда, овозу ҳаракати худро гум кардааст.нафаре ба
Аз Одам (а) то ба имрӯз мувофақае нест, ки нафаре ба нафари дигар монанд бошад, чй дар сурат чи дар сират. Ту нафаре ҳастӣ, ки Худованд дар гузашта чун ту наофарида, баъди ту низ касе монанди ту намеояд. Ту комилан дигар ҳастӣ, дар пешгоҳи ХудованД ҷойгоҳу мақоми хоси худро доростй. На Амру Зайд ва на ба Ҳасану Ҳусайн монандй надорй. Пас худро дар гирдоби ташбеҳутақлид ғарқ масоз.
Пас қадам зан бо шеваи худ, сухан бигӯ бо лаҳҷаи хеш, зиндагй кун тавре, ки Худованд туро ба ин зиндагй офаридааст. Он чӣ Аллоҳ ба ту додааст, дигаргун кардани он дар дасти ту нест. Тағйири он лоимкон аст, зеро ту рангу бӯй ва таъми хос астй. Қимати себ дар бозор ҳеҷ гоҳ бо нархгузории бодиринге қадр намешавад, зеро дар бозор ҳама меваҷот рангу бӯй ва ҳатто нархи хешро доранд, ки яксон нестанд. Инсонҳо низ чунинанд, ҳама мақоми хеш доранд ва кӯшиши дигар кардани ҳолати худодод басо аҳмақона корест.
Пас гуногун будани мо дар ранги пӯсту хулқу атвору нажод дараке аз қудрати Парвардигори бузург ва оятҳои каримаи Ӯст, ки варо инкор нашояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев