Предыдущая публикация
Тоҷикам,лафзи ширини ширадорам тоҷикӣ.
Чашмҳои қаҳвагуни пурхуморам тоҷикӣ.
Кинаро бо зарабин кай ёбӣ ту андар гилам,
Мавҷи сабзи хандаҳои беғуборам тоҷикӣ.
Бонуям, бо тори мӯ бори латофат мекашам,
Ҳам камони абрӯвони дилшикорам тоҷикӣ.
Ёри човандози ман гоҳе дағал гоҳе асал,
Бок не, донам сиришти поки ёрам тоҷикӣ.
Шоирона меҳр меварзам ба сарви қади ӯ,
Пойандозаш матои интизорам тоҷикӣ.
Мечашад бо ташнагӣ шаҳтути лабҳои маро,
Нозбардорӣ намояд бовиқорам тоҷикӣ.
Руйи номи ишқ мерезам шакарҳарфи вафо,
Шеърҳои Ҷавҳари шабзиндадорам тоҷикӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
...БИСЁР ХУБ..ХУДОЙЧОН НИГОБОНИ ШУМО БОШАД...