Ҳамқисмати бишкаста дарахтам,оча.
Як рӯзи хуше нест,пас аз рафтани ту,
Дар ҳасрати пастиҳои бахтам,оча.
Дар хонаӣ ту,ҳеҷ раву о нест дигар,
Даркӯб намонду даркушо нест дигар.
Баъди ту тамоми хеш бегона зи мо,
Пайвандии хешу ақрабо нест дигар.
Ҳамсоя маро дигар напурсад ҳолам...
Ман шиква кунам зи пастии иқболам.
Пазмони навозиши ту гаштам,оча,
То мурдани худ аз ғами ту менолам.
Хоктӯда шуда хонаву айвону дарат,
Ту нестӣ ояму бигирам хабарат.
Рафтиву надида роҳати пириро,
Як мӯйи сафедие надидам ба сарат.
Марги ту ба дил сӯзи гарон шуд,оча,
Фарзанди ту зору хастаҷон шуд,оча.
Бо файзи ту буд сабзаӣ боғи падар,
Боғи падарам бе ту хазон шуд,оча.
Бе ҳастии ту хонаву дар мегиряд,
Зардолуи сурхи лаби ҷар мегиряд.
Садпора шуда танӯри бебомаки ту,
Чун кӯдаки хурди бепадар мегиряд.
Номи ту ба ҳар шеъри тарам мемонад,
Доғи аламат бар ҷигарам мемонад.
Аз чашми падар ғами гаронат дидам,
Меҳри ту ба қалби падарам мемонад.
Мерӯфтӣ хазони тирамоҳӣ оча,
Пеш аз сафарат субҳи пагоҳӣ оча.
Бозгашти ҳама сӯйи Худо мебошад,
Бозгаштӣ ба даргоҳи Илоҳӣ оча.
Оям зи сафар бар сари гӯрат,оча,
Фарёд занам,зи дарди зӯрат,оча.
Сӯхтам бахудо,зи ҳасрати дидорат,
Чун ҳезуми нимсӯзи танӯрат оча.
Оча,бахудо,ки қуввати дил бошад,
Оча,зи фариштаҳои оқил бошад.
Дар олами андӯҳу диёри ғурбат,
Маҳкампурӣ беочагӣ мушкил бошад.Баъди сари ту,бо сари сахтам оча,
Ҳамқисмати бишкаста дарахтам,оча.
Як рӯзи хуше нест,пас аз рафтани ту,
Дар ҳасрати пастиҳои бахтам,оча.
Дар хонаӣ ту,ҳеҷ раву о нест дигар,
Даркӯб намонду даркушо нест дигар.
Баъди ту тамоми хеш бегона зи мо,
Пайвандии хешу ақрабо нест дигар.
Ҳамсоя маро дигар напурсад ҳолам...
Ман шиква кунам зи пастии иқболам.
Пазмони навозиши ту гаштам,оча,
То мурдани худ аз ғами ту менолам.
Хоктӯда шуда хонаву айвону дарат,
Ту нестӣ ояму бигирам хабарат.
Рафтиву надида роҳати пириро,
Як мӯйи сафедие надидам ба сарат.
Марги ту ба дил сӯзи гарон шуд,оча,
Фарзанди ту зору хастаҷон шуд,оча.
Бо файзи ту буд сабзаӣ боғи падар,
Боғи падарам бе ту хазон шуд,оча.
Бе ҳастии ту хонаву дар мегиряд,
Зардолуи сурхи лаби ҷар мегиряд.
Садпора шуда танӯри бебомаки ту,
Чун кӯдаки хурди бепадар мегиряд.
Номи ту ба ҳар шеъри тарам мемонад,
Доғи аламат бар ҷигарам мемонад.
Аз чашми падар ғами гаронат дидам,
Меҳри ту ба қалби падарам мемонад.
Мерӯфтӣ хазони тирамоҳӣ оча,
Пеш аз сафарат субҳи пагоҳӣ оча.
Бозгашти ҳама сӯйи Худо мебошад,
Бозгаштӣ ба даргоҳи Илоҳӣ оча.
Оям зи сафар бар сари гӯрат,оча,
Фарёд занам,зи дарди зӯрат,оча.
Сӯхтам бахудо,зи ҳасрати дидорат,
Чун ҳезуми нимсӯзи танӯрат оча.
Оча,бахудо,ки қуввати дил бошад,
Оча,зи фариштаҳои оқил бошад.
Дар олами андӯҳу диёри ғурбат,
Маҳкампурӣ беочагӣ мушкил бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Дилсухта чигаркабоб бари очам шудам
Ин хонаи равшанмон ба гур монанд шуд
Саркуфтаи таьнахои мардум гаштам
Сузиши фарзанд барои модар асрхо хам Боша захмаш хануз нав медонад
Худо Сабир чамил бар кули бемодарони дуне