🔸 Матни пурсиш:
Оё адолат дар имоми ҷамоъат шарт аст? Шарти адолат чи тавр баррасӣ шавад? Оё тафаҳҳус лозим аст?
🔸 Матни посух:
Дар бораи шарт будани адолат дар имоми ҷамоъат, миёни мусалмонон ду қавл аст, вале қавли саҳиҳтар шарт будани он аст; Чароки иқтидо ба золим ва табаъият аз ӯ дар намоз, гунаи гаройиш ба ӯ маҳсуб мешавад, дар ҳоле ки Худованд аз ҳар гуна гаравидан ба ӯ наҳй карда ва фармудааст: ﴾وَلَا تَرْكَنُوا إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُوا فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ مِنْ أَوْلِيَاءَ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ﴿ (Ҳуд/ 13); «Ва ба сӯӣ касоне ки зулм карданд нагаройед ки шуморо оташ мегирад ва барои шумо ҷуз Худованд сарпарастоне нест ва сипас ёрӣ намешавед»; Ҳамчунонки иқтидо ба золим ва табаъият аз ӯ дар намоз, метавонад аз як сӯ мувофиқати иҷмолӣ бо ақойид ва аъмоли ӯ ишъор дошта бошад ва аз сӯӣ дигар ба иқболи мардум ба ӯ ва равнақи ақойид ва аъмолаш ёрӣ расонад, дар ҳоле ки Худованд аз чунин коре наҳй карда ва фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3279/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев