Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба чуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд. Аммо дар ҳамсоягии он чавон, чавони дигаре мезист, ки ба чуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду чавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Обид ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати Илоҳи сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ(чун зиёди чавонони имруза) ҳарф мезад. То он ки дар яке аз рузҳо ин дустон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд… Ҳарду мунтазири болобар (лифт) буданд, вале он ба зуди поён наомад ва чавони обид хост бинад, ки чи мушкиле дар он вучуд дорад. Ҳамин ки бо зур дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он чавон фуруд омад ва сарашро аз тан чудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дусти гунаҳкораш боқи монд, аммо руҳи боландааш ба суйи биҳишти Худои Раҳмон ба парвоз даромад. Чавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дусташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки чигаргушаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад: -Бародарам, азизам, чи гап шуд? Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехурд. Шабу руз ба гуфтаҳо ва амалҳои дусти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни уро ба худ машғул карда буд, ки: - агар ба чойи у ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имруз чойи ман кучо буд? Чойи дусти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам чоям кучо буд? Охир хеч кас човидони намемонад дар ин олам! Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шоди ба андуҳ , аз дискатека ба масчид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад. Дар яке аз рузҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дустонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад. Ончо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: -«ба Худоям чи бигуям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон руз фарзандашро аз даст дода бошад. Дустонаш мегуянд: «мо ҳамон руз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухи мекардем ва механдидем, аммо у сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: -«Худо раҳматат кунад, эй дусти ман! Агар он руз ман ба чойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам». Аз у суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: -«касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, чойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд». Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне (дар Харам зиёд сохтмон давом дорад) санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: - «бароям дуо кунед ҳамон тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои роҳи латифаш ба суйи боғҳои чаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абади бо он дусти қадимии исломи хушҳолу ором бошанд. Субhоналлоh!! Чи киссаи таъсиркунанда барои бародарону хохарони мусалмони ман! Аммо афсус ки хамин тобути наздикону дустон ба зиёди мардум ибрат намешавад. Аммо дар асл имрузхо зиёд чавонон мемиранд ва чои афсус хурдан аст ки кисми зиёди онон аз итоати Холики хеш гофил рафтаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 12
((Воизон ки чилва бар ოехробу ოинбар мекунанΔ, Тавба фармоен чаро хуΔ тавба каოтар ოекунанΔ) )) ωεροβ ςαφαραλμ