🔸 Матни пурсиш:
Ҳукми издивоҷ бо дуҷинсаҳо чист? Равиши ташхиси [ҷинсияти онҳо] чи тавр аст? Таклифи онҳо дар ҷомеъа чи мешавад? Амали тағйири ҷинсият ҷойиз аст?
🔸 Матни посух:
Ба инсоне ки ҳар ду олоти таносулӣ мардона ва занонаро дорад, дар истилоҳ «Хунасо» мегӯянд ва ӯ бар ду гуна аст: Инсоне ки яке аз ду олоти таносулӣ дар ӯ намуд ва коркарди бештаре дорад, монанди инки пешоб аз он бештар ё пештар хориҷ мешавад ва ба ӯ дар истилоҳ «Хунасои ғайри мушкил» мегӯянд ва инсоне ки яке аз ду олоти таносулӣ дар ӯ намуд ва коркарди бештаре надорад, монанди инки пешоб аз он бештар ё пештар хориҷ намешавад ва ба ӯ дар истилоҳ «Хунасои мушкил» мегӯянд.
«Хунасои ғайри мушкил» бино бар намуд ва коркарди яке аз ду олоти таносулиаш ба яке аз ду ҷинс мулҳақ мешавад ва табъан метавонад бо ҷини дигар издивоҷ кунад, вале «Хунасои мушкил» дар сурате ки сойири хусусиёти яке аз ду ҷинс монанди ҳайз ва пистони занона ё эҳтилом ва риши мардонаро дошта бошад, бино бар он ва дар ғайри ин сурат, бино бар қуръа ба яке аз ду ҷинс мулҳақ мешавад; Зеро қуръа дар Ислом барои тарҷеҳи чизе аст ки мураҷҷаҳе надорад ва метавонад кошиф аз ҳукми воқеъӣ бошад; Чунонки Худованд дар бораи Юнус алайҳи салом фармудааст:
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3437/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев