********************
Берун аз хоки Ватан бисёр гаштам ноилоҷ,
Дар ба дар афтодаву абгор гаштам ноилоҷ,
Бо дили садпораву хуншор гаштам ноилоҷ,
"Чун гирифтори ҳавои ёр гаштам ноилоҷ,
Аз фироқаш хаставу бемор гаштам ноилоҷ."
Ҳар замон ошуфта аст ҳоли ман аз аҳволи ӯ,
Дар хаёли банда мечархад ба чеҳра холи ӯ,
Дар ғарибиҳо чӣ сон озурда ин ҳамболи ӯ,
"Ҳамчу кокул рӯзу шаб афтодам аз дунболи ӯ,
Тираатвору парешонкор гаштам ноилоҷ."
Ҳоли манро дида месӯзад ҳамоне, ки ба дард,
Ғурбати даврон маро бинмудааст бо рӯи зард,
Он ҷафокорам нигар бо бандаи мискин чӣ кард?
"Ёри ман шуд бо рақибон кӯчаву бозоргард,
Сухраи ҳар кӯчаву бозор гаштам ноилоҷ."
Тирагун гардида ин дам шоми субҳи босафо,
Чун нагардад тирагун бо ин ҳама ҷабру ҷафо,
Меравад умрам ба пешу рӯзгорам бар қафо,
"Нест бо ағёр он қаллошро меҳру вафо,
Дӯстдори зумраи ашрор гаштам ноилоҷ."
Меҳри чандинсолаи мо оқибат гардид ҳеҷ,
Ҳамчунон деҳқон, ки пошид донаву барчид ҳеҷ,
Бахтро баргаштанашро бин, нахандонид ҳеҷ,
"Ишқи саркаш панди ёру дӯстро нашнид ҳеҷ,
Мустаҳиққи таънаи ағёр гаштам ноилоҷ."
Бо хаёли орази ӯ бишканидастам хумор,
Рӯзу шаб андар хаёлам буд ҳамон зебо нигор,
Як тараф ҳаҷри Ватан аз як тараф он гулъузор,
"Не зару не зӯрию не зориям омад ба кор,
Бе зару бе зӯрию бе зор гаштам ноилоҷ."
Дӯстонро дида санҷидам ягон ҷонӣ намонд,
Омаду рафтан намонду ҳеҷ меҳмонӣ намонд,
Мушт андар синаҳо афзун, баимонӣ намонд,
"Дар мусалмонон чу бӯе аз мусалмонӣ намонд,
Ошнои фирқаи куффор гаштам ноилоҷ."
Дар ҷавонӣ бо саманди тезпо будам рамид,
Нимае умрам гузашту вақти гулрезӣ расид,
Ҳарду дастонат гуле, Мақсудалӣ, бингар начид,
"Арзи ман иззи қабуле з-он гули раъно надид,
Пеши аҳли ишқ, Айнӣ, хор гаштам ноилоҷ."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев