Предыдущая публикация
Дар ҳақиқат устоди касби худ ҳастанд.
-------------------------------
Зи Икромзодагон афзӯн бузургон,
Табиби машҳуре, Мирзоалӣ, з-он.
Бувад аз ворисони Ибни Сино,
Давобахшанда бар ҳар дарди инсон.
Ба ҳаштоду навад, оӣ ҳамин сон,
Биёӣ, то ба сад, бо қалби хандон.
Ва ҳаштоди дигарро бинӣ, бозам,
Ба даври ҳамдилон, бошӣ дуохон.
Ҳумоюн бошад, ин рӯзи дилафрӯз,
Туро устоди донишманди дилсӯз.
Набинӣ дарду ғамро дар ду олам,
Ба шодӣ бошӣ имрӯз аз дигар рӯз.
Шумоед, ифтихори Тоҷикистон,
Шумо, кӯҳзодагони боғу бӯстон.
Ватан болад, ба ҳар як олимонаш,
На танҳо ман, на танҳо ёру дӯстон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев