Предыдущая публикация
Биёед, эй рафиқони азиз , якҷоя биншинем ,
Зи бас мо ҳамсабақ ҳастему ошноёни деринем .
Ба гирди хони дӯстӣ ҷамъ шуда аз ҳоли ҳам пурсем ,
Ва ин нону насиби қисмати хешро ба ҳам бинем .
Будем то ин замон муштоқи сӯҳбатҳои ҳамдигар ,
Ҳама ҳамсолу ҳамрозу ҳамоварду ҳамоинем .
Зи даври донишомӯзӣ сухан гӯем баҳри ҳам ,
Зи боғи навҷавониҳо гули хотираҳо чинем .
Сафи мо кам шуда афсӯс, гузаштанд аз ҷаҳон чанде ,
Ба ёди он азизон , як даме " хомӯшӣ" бигзинем .
Басо зуд меравад корвони умри мо ба сӯи пеш ,
Ки фардо боз муштоқи чунин айёми ширинем .
Аё " бобо"- ю " бибӣ"- ҳо, бубинед давлати пирӣ ,
Ки мо толиби дидору ҳаёти хубу ширинем .
15 .12 . 2023
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев