». — ғалабаи варзишгарони точик дар Қазоқистон!
Дар 32-умин мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, варзишгарони мо ду медал – як тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 12 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Илдар Ахмадиев дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 7,39 метр ҷои аввал ва Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеаҳо ҷои сеюмро гирифтанд.
Леонид Пронженко низ дар ин мусобика иштирок карда, дар ниҳоят чорум шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ширкати «Formula55» ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ Илдар Ахмадиев, Кристина Пронженко ва Леонид Пронженко (дар доираи лоиҳаи дастгирии варзишгарони «Тоҷикистон ба пеш!») кӯмаки молиявӣ расонидааст.
#F55 #ИлдарАхмадиев #КристинаПронженко
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев