Предыдущая публикация
Мусулмон мурдан инчо эътибор аст.
Азизоне,ки аз гиря наёсуд,
Хама андухи хавфи хотима буд.
Надони,ки дами охир чи хол аст,
Аз ин то зери хокат сад савол аст.
Хазорон укба дар пешу ту гофил,
Гиребон дар кафи маргу ту чохил.
Расида пои умрат дар лаби гур,
Ту дар озурдани мардум чу занбур.
Кафанвори ту оварданд ба бозор,
Ту дар фикри аруси нав харидор.
Шуда паймонаи умри ту лабрез,
Ба моли гайр чун дандон куни тез.
Насози кавли Хакро халкаи гуш,
Кушода чашм дар хоби чу харгуш.
Хазорон тавба аз ин зиндаги кун,
Гузар аз хочагиву бандаги кун.
Машав муллову,хоча,шайхи канъон,
Мусулмон шав,мусулмон шав,мусулмон!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
Чанд рӯзе гиряхҳои носавоби модарам,
Хандаҳову шӯхиҳову тираакси ман ба хоби хоҳарам,
Лаҳзае чанд ашки шўру ҳасрату андӯҳи талх
Бар ҷабини нуқратоби ҳамсарам,
Баъди чанде боз хушҳолию хушгӯйӣ– фаромӯшии ман.
Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номаҳал бар тифлаконам бевафоиҳои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танҳоию ман,
То замоне бистари холӣ канори ҳамсарам.
Марги ман чист?
Шеърҳои нимсуруда,
Бӯсаҳои норабуда,
Киштаҳои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари наҳс аз само,
Роҳ бурданҳои марди хокие сўйи Худо