МУҲТАРАМ ШЕРАЛИ КАБИРОВ!
МО ҷавонони деҳаи зебову овозадори ГАРМЧАШМА ,аз иқдоми наҷиб ва кӯшишу ғайрати Шумо баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани деҳаи мо хеле шод ва миннатдорем.Аз рӯзе,ки қадами мубораки Шумо ва сохтмончиёни ширкати Шумо ,ба деҳаи мо гузошта шуд,симои деҳаи мо ба кулли таъғир ёфт.
Бе муболиға бояд қайд намоем,ки дар як муддати хело кӯтоҳ ,дар деҳа чунон биноҳои ду ва се ошёна қомат афрохтаанд,ки дар 70-соли мавҷудияти давлатӣ Шӯравӣ ба чунин комёби ноил нагашта будем.Ҳавзи деҳа тармим шуда ,ҳавзҳои пӯшидаи он бо як тарҳи хос азнавсозӣ шуда ,ба ҳусни деҳа ҳусни нав зам намудаанд.Ба хусус сохта ва ба истифода додани ҳавзҳои болопушидаи занона ва мардона барои сокинони ҷамоат ва ҳудуди ноҳия ,ки ройгон истифода мебаранд ,лойиқи таҳсин ва хушнудист.
МО ҷавонони деҳаи ГАРМЧАШМА ва деҳаҳои гирду атрофи он ,худро бетараф нагирифта ,ба қадри имкон дар ҳамаи ин ободкориҳо ,ба кормандони дар деҳа будаи ширкати Шумо дасти ёрӣ дароз менамоем.Чунки дар урфият:"АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕБАРОЯД"-гуфтаанд.Ҳавзҳоро доим аз лоиқа тоза намуда,гирду атрофи онҳо ва атрофи меҳмонхонаҳоро аз партов тоза менамоем. Зеро ҷавонон "ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"ва ояндасози давлату миллатанд ва мо ҷавонони деҳаи ГАРМЧАШМАИ ноҳияи ИШКОШИМ низ худро пайравони содиқи ПЕШВОИ миллат ҳисобида тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон сарф мекунем.
ДАР деҳа ва деҳаҳои гирду атрофи он зиёда аз 150-оила кор ва зиндагӣ мекунанд.Агар ҳар рӯз аз ҳар оила як нафари дар гирди чашма ҷамъ оянд ,150-нафар мешаванд.Хоҳ нохоҳ ҷамъшавии онҳо боиси нороҳатии истироҳаткунандагон мегардад .Он боиси норозигӣ ва сол аз сол кам шудани шумораи мизоҷон мегардад.Мо ҷавонони деҳа ва падару модарон ҳалли ин масъаларо дар ҷалб намудани онҳо ба варзиш мебинем.
АЗ оинаи нилгун мебинем,ки ҳар рӯз аз тарафи сохтмончиёни ширкати Шумо ,дар ин ё он гӯшаи Ватани азизамон ,майдончаҳои зебову замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти ВАРЗИШӢ сохта ба истифода дода мешаванд.Ин таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир намудани ШУМОРО нисбати Варзиш ва рушди он нишон медиҳад.
АЗ ин рӯ мо ҶАВОНОН ва ПАДАРУ МОДАРОНИ деҳа аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ,ки дар баробари ҳамаи ин ОБОДКОРИҲО агар имконият даст диҳад ,як майдончаи хубу муҷаҳази ВАРЗИШИ сохта ба ҶАВОНОНИ деҳа тӯҳфа менамудед,нуран аъло нур мешуд.То пеши роҳи ба одатҳои бад саргарм шудани ҷавонон гирифта мешуду ,онҳо ҳамеша саргарми бозиҳои Варзиши гардида,дар оянда парчамбардорони ТОҶИКИСТОНИ азизамон мешуданд.
ҚАБЛАН аз ШУМО мӯҳтарам ШЕРАЛИ КАБИРОВ сипосгузор буда ,аз даргоҳи Худованд умри дарозу тани сиҳати Шуморо хоҳонем!
ГУРУҲИ ҶАВОНОН , НАВРАСОН ВА ПАДАРУ МОДАРОНИ ДЕҲАИ ГАРМЧАШМАИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ.
ҶАМЪ:-150 - имзо. 13-марти соли 2020.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев