Вақтҳои охир Муҳиддин Кабирӣ роҳбари террористони наҳзатӣ аз арзишҳои демократӣ ва дунявӣ суханронӣ карда, ба тарғибу ташвиқи худ истодааст. Бо ин роҳ мехоҳад гузаштаи террористии худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон карда, наҳзатиёни террористро дар чеҳраи нави дунявию демократӣ нишон диҳад. Аммо, ба ҳама маълум аст, ки ин ҳиллаю найранги навбатӣ буда, мақсадаш сафед кардани худ ва пайравони хунхораш, дар баробари он роҳ ёфтан ба ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротии худ мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ифротӣ бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғину туҳматангез интишор намуда, бо ин роҳ, мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон диҳад. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и у ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чун ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо ва қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд.
Бояд зикр кард, ки роҳбари наҳзатиҳо аз дур истода нисбати сиёсат ва иқтисодиёти кишвар лоф мезанад, лекин дар ин муддат, ки бо ҳаёси вакили мардумии ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, хурду бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта, дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ майл намекунад, аз он ҷумла сардор ва пайравони наҳзатиҳо.
Бадбахтона, аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, созмони экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин ташкилот фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғӯшта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, садҳо ҳазорро бадбахту хонавайрон намуд. Бо мурури замон ин амалҳои террористон ба ҳама айён гардид. Мардуми тоҷик аз он бохабар гардид, ки ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин ҷинояткорон сурат гирифтааст.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбари ташкилоти экстремистӣ худро дар кишварҳои хориҷ чун неру намоиш доданӣ мешавад, зеро онҳо ҳамон аъзои фирории ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бо ҳукми Суди Олии ҶТ фаъолияташ манъ карда шуд.
Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ баҳри амали намудани мақсаду ниятҳои нопок онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Наҳзатиҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд.
Акнун ба гурӯҳчаҳо тақсим шуда, талош мекунанд, ки худро ҳамчун қувваи мухолиф нишон диҳанд ва ба ин васила, гранту кумакпулиҳо барои рӯзгузаронии худ дарёфт намоянд. Мехоҳанд ҳамон ҲНИ-ро дар шаклу ҷомаи дигар рӯи саҳна оранд, аммо фиребашон кор наомада истодааст ва пайваста ба шикасту шармандагӣ мувоҷеҳ мегарданд.
Шурӯъ аз солҳои ҷанги бародаркӯш, ки мутаассифона ҳазорҳо нафар ҷони худро қурбони он карданд. То ҳол мақсаду мароми роҳбару аъзоёни ташкилоти наҳзитиҳо танҳо табаддулот асту, ғасби ҳокимият.
Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои ботил ба сафи худ шахсони фиребхӯрдаро ҷалб намудаанд.
Хулоса, чунин аст симои аслии наҳзатиҳо ва пайравонаш. Аз ин рӯ ба душманони миллат ва аъзоёни наҳзатӣ, мардум бояд, ҳеҷ гоҳ бовар накунад ва кӯшиш кунад то ба доми ин хоинони наҳзатӣ наафтанд, варна пушаймонӣ суд надорад.
Комрони Дилбарзод
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев