Боре он мард дар хонаи худ нишаста буд бо ҳамроҳии оилааш ки дарвозаашро касе мекубад. Вақто дарвозаро рафта боз мекунад мебинад ки дусташ дар паси дарвозааш истодааст. Он мард гуфт барои чи ба сурогам омадаӣ? Дусташ гуфт эй дусти азиз ба ман 400с лозим буд мард ба хона медарояд ва 400с маблагро барои дӯсташ бароварда медиҳад. Бади рафтани дусташ он мард ба хонааш даромада сахт гиря мекунад. Ҳамсараш ин ҳолати шавҳарашро дида мепурсад ҳамон 400с ки ту ба дустат додӣ барои ҳамин ту гиря дорӣ модоме ки ту доданӣ набудӣ чаро ба худаш нагуфтӣ? Мард мегуяд ман барои ин гиря накардаам ман барои он гиря карда истодаам ки дустамро аҳволпурсӣ накардаам ва аққалан ба хона ворид накардаам ман аҳволи дустамро напурсида ӯ аз ҳоли худаш ба ман қисса намуд. Боре ҳам дустамро напурсидаам ки дар кадом ҳолат зиндагӣ карда истодааст боиси гиряи ман аз ҳамин аст.
Дустони ҷонам дар ин дунё ҳамаи мо амонатем пас биёед ба қадри ҳамдигар бирасем аз ҳоли ҳамдигар пурсон шавем то тавону қудрате ки дорем ба ҳамдигар дасти мадад дароз намоем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11
Саломат бош азизи дилхо!