Ту дигар ба пешвози дами дар намебарои, Ту дигар ба лахчаи худ барои ман намесарои: "Писари азизам омад, Писари газалнависам омад." Ту дигар наметавони, ки миёни пиразанхо, Зи ман ифтихор сози хазору як таманно: " Писари азизам омад, Писари газалнависам омад." Ту дигар фирор карди ба чахони сарду хомуш, Ту дигар намекушои ба наберагонат огуш. Ки дихи дуои икбол, Ки бибахши неруи пару бол. Зи канори хок буди ба канори хок рафти, Зи дехи мазор буди ба мазори пок рафти. Шуди ёри човидони, Ба мадори бемадори зиндагони. Чу ба хонаат дароям хама буи дард ояд, Дили ман ба дард ояд зи хуручи дардхоят. Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи хам бирезад, Ба хама чахон ситезад писари газалнависат. Ки кучост модари ман? Ки кучост модари диловари ман? Ту кучои модари чон? Паси дар наменамои. Ва дигар ба шеваи худ барои ман намесарои: "Писари азизам омад, Писари газалнависам омад."
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2