Зиндагиро бе хамаи инхо тасаввур кардан душвор аст. Ишк зиндагиро рангин месозаду ба одам боли парвозро медихад. Ишк хиссиёти бузургу пок мебошад,ки Худованд дар калби инсон чой мекунад. Мисли асал ширин асту лекин хангоме,ки аз шахдаш чашидан мехохи чун захр талх аст. Дар дили на хар як одам ин хиссиёти пок маскан мегирад. Ишк хиссиёти хуше,ки рухи инсонро кувва мебахшад ва ором менамояд, агар мухаббати дутарафа бошад. Вакте уро мебинед ба гирду атроф тамоман ахмият намедихед. Аз дунёи асл дур мешавед. Чашмонатон рох гум мезанад. Нигохи у ба шумо кувваи илохи мебахшад. Пеши шумо хамаи муаммову мушкилихо хечанд. Вакте нохост ба ёдатон меоред, хурсандии бепоён рухи шуморо фаро мегирад. Ба гушатон гапи хеч кас намедарояд, намехохед, ки лахзахои бо у будан ба охир расад. Ишкро мукофот гуфтан мумкин аст. Мукофоти гамангез, сузанда, дарднок. Шахсе,ки ошик мешавад, фаромуши хама чизро мекунад. Шабхо бо ёди ёр бедорхоби мекашаду аз доги фироки он азоби рухи мекашад. Ишк осмони беканореро мемонад, ки дар он ду кабутар парвоз доранду дар охир боли яке аз ин кабутархо мешиканад. Ишк ин дустдории аз хад зиёд, хисси дилбастаги, мехру мухабббт ба касе ё ба чизе. Дарди дили ошикеро танхо ошики дигаре мефахмад мегуянд. Ба фикри ман хар як инсон ишкро ба хости дили худ кабул мекунад ва сузиши он дар дили хар як шахс гуногун аст. Якеро ишк хушбахт месозаду дигареро як умр гирён. На дар хама холат ишки дутарафаро дидан мумкин аст. Яке шахсеро дуст медораду дигаре бо ёди ёри дигар. Одами ошик метавонад, кахрамониро низ нишон бидихад, зеро у аз хеч чиз наметарсад. Барои хурсандии дили маъшукааш у хама коро карда метавонад. Баъзан шахсеро мебиниву бо як нигох ба дилат писанд меояд. Аксарият онро ишк аз нигохи аввал мегуянд. Кам холатхоеро дидан мумкин аст,ки харду тараф якдигасо дуст доранд.. Ишк ин дардест бедаво, ишк ин шахдест ширинтар аз асал ва талхтар аз захр. Ишк ин котилест бе силох. Ишк ин маконест, ки воридаш гарди баромадан аз он мухол аст. Ишк атои Худованд аст. Ишк ин танхо ба васли ёр расидан нест. Ишк хамонест,ки ту дар хама холат ба ёрат хушбахтиро орзу мекуни. Ишк хамонест,ки ба у дуо мекуниву бо ёдаш умр ба сар мебари. Ба хотири дидани хушбахтии у. Агар сухан дар бораи ишк равад, хатман калимахои вафо, мехр садокат низ ба миён меояд. Мухаббат хиссиёти олии инсон аст. Ишк ин дарде будаасту табибаш хамоне аст,ки аз ишки у дард мекаши.. Эй ишк, ишк, ишк, ишк, ишк гурез дорам аз ту, зеро дубора намехохам,ки асират гардам, аммо хушам меояд,ки асири мехри ту бошам эй ишк, ишк, ишк, ишк,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев