. .
Вақте Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба зиёрати ҳаҷ мераванд, мебинанд, ки ҳоҷиҳои бисёре ба навбат ҳалқаи дари Каъбаро дошта, ҳар яке орзую умедашонро баён мекарданд ва аз худованд хоста яке - мансаб, дигаре - дороӣ, сейюмӣ - фарзанд мепурсанд. Ҷомӣ бошанд, ҳалқаи дари Каъбаро дошта бадеҳатан ғазале мехонанд, ки чунин аст:
Ба Каъба рафтам, з - он ҷо ҳавои кӯи ту кардам,
Ҷамоли Каъба тамошо ба ёди рӯи ту кардам.
Ба мавқифи арафот истода халқ дуохон,
Ман аз дуо лаби худ баста, гуфтугӯи ту кардам.
Фитода аҳли манӣ дар паи манию мақосид,
Чу Ҷомӣ аз ҳама фориғ, ман орзуи ту кардам .
Яке аз шоҳкориҳои устод Ҷӯрабек Муродов аз эҷодиёти ҳазрати Ҷомӣ ;
ОСУДА ДИЛО
Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ,
Хунхории ушшоқи ҷигархор чӣ донӣ!
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ!
Ҳаргиз нахалида ба кафи пойи ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ!
Ай фохта, парвозкунон бар сари сарвӣ,
Дарди дили мурғони гирифтор чӣ донӣ!
Кори дили риндони балодида бувад ишқ,
Ай зоҳиди мағрур, ту ин кор чӣ донӣ!
Нодида зи хоки раҳи ӯ куҳли басират,
Бо бебасарӣ лаззати дидор чӣ донӣ!
Ҷомӣ, туву беҳушиву ҷоми маю мастӣ,
Роҳу равиши мардуми ҳушёр чӣ донӣ!
2 . АБДУРАҲИМ ҲОҶӢ ҚОДИРОВ -- НАФАҚАХУР , МУХЛИСИ УСТОД
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ Олимҷон ! Ҳамаи навиштаҷотҳои Шуморо он чизе , ки барои ман фиристондед , ҳамаашро гашта ба гашта хондам , ман ҳангоми дар хона вохуриамон ҳис карда будам , ки таассуроти Шумо нисбати вохурӣ бо устод Ҷӯрабек Муродов , ки дар шаҳри Москва шуда гузашта буд хело калон аст ва аз ин навиштаҷот ман бори дигар қаноатманд гаштам барои он , ки хурсандии Шумо ин хурсандии мост , мегӯянд , ки роли шахс дар таърих ҳеҷ аст ман ин гуфтаҳоро тарафдори карда наметавонам , чун , ки агар устод Ҷӯрабек Муродов --ро мисол гирем худашон бо як тори беҷон ва суруду таронаҳои тоҷикӣ кулли инсонияти рӯи оламро қоил карданд ва созу навои тоҷикиро ҷаҳонӣ намуданд . . . Бояд шодона иқрор шавам , ки ҳамон рӯз бо ҳузури хеш ҳоҷӣ Раҳмаҷон Одинаев , ҳоҷӣ Шодибек Дадоматов , Ақлиддин Умаров , Шумо ва фарзандону наздикононам маро инсони хурсандтарини рӯи олам намудетон , аз шодӣ ҷои шишт намеёфтам агар Офаридагор бароям қанот эҳё менамуд эҳтимол парвозҳам мекардам -- гуё аз нав тавлид шудам ва ин ҳодисаи хотирмон бе натиҷа нашудаст хело ман миннатдор барои ҳамин қадар иззату ҳурмат , барои ҳамин қадар зиёрат , барои ҳамин қадар табрикоту таъриф ва васфу ситоиш , ҳамашу ҳамаш дар дили ман чуқур чой шудааст , ман чӣ қадар изҳори миннатдори кунам ҳам кам аст , ҳурмати ҳамдигар иллоҳо дур нашавад . Аз Шумо дӯсти азиз боз як илтимоси дигар дорам агар боиси малоли хотиратон нашавад арзи зери бандаро ба устод Ҷӯрабек Муродов мерасонидед , қаблан миннатдориву арзу эҳтироми бандаро лутфан бипазиред , миннатдорам .
" Иллоҳо устод Ҷӯрабек Муродов 100 -- солаҳо умри дароз бинанд , доимо дили мардуми ҷаҳона шод карда гарданд , иллоҳо аз сурудҳои вай кас ҳама вақт мо баҳраманд шавему иллоҳо бахти моба устод саломат бошанд мо мухлисон низ ба бахти устод саломат бошем " .
20 .04 . 2024 , деҳаи Хиштхона , паёмаки овозӣ .
Аз муаллиф ; Қодиров Абдураҳим ҳоҷӣ яке аз саховатмандтарини ҳоҷиҳо буда дар ободии деҳ ва ҳатто ҷамоъат саҳми беандоза доранд , бинобар гапашон гап ва мо хоҳишашонро ба гуфте гӯшамонро наҷунбонида ( ҳазл ) , иҷро карда истодаем .
З -- ин дашти дароз корвон мегузарад ,
Бар дӯш ҳама суду зиён мегузарад .
Ҳарчанд ҳама аз ин ҷаҳон мегузарад ,
Бадбахт касе , ки бенишон мегузарад .
Лоиқ
3 . БОБОЕВ ҲАБИБУЛЛО ШАРИПОВИЧ -- НОМЗАДИ ФАНҲОИ ИҚТИСОДӢ
Устод Ҷӯрабек Муродов фахри ҳамаи мову Шумо ҳастанд . Барои мардум барои миллат барои Тоҷикистон хизматҳои зиёде карданд . Устод мактаби худро доранд , ҳам мактаби касбӣ ҳам мактаби одаму одамгарӣ , бо забони имрӯза гӯем унсурҳои таъсиррасони дар таълиму тарбия мавқеъи бисёр муҳиме дорад . Ман шоҳиди яке аз вохуриҳои устод дар яке аз мактабҳои шаҳри Чкаловск будам , онҳо ба ҷои дарси тарбиявӣ вохурии устода ташкил карданд . Баъд аз он ки вохурӣ барпо гашту устод бо ҳозирин салом карданд ҳамин қадар савол ҳамин қадар ҷавоб ҳамин қадар сӯҳбат оростем , ки ба назари ман ба чандин дарсҳои қолабии тарбиявӣ баробар буда вохурии устод натиҷаи мусбӣ дод . Одоби салом , одоби муошират , одоби одаму одамгарӣ , одоби саҳнаороӣ , сӯҳбат кардан , ин хислатҳои бисёр хоси устод аст , ки шояд ин хислатҳо хоси онҳое бошанд , ки Худодод бошанд . Ба наздики қароре қабул гардид дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзанд боиси қаноатмандист . Шеърҳое , ки устод мехонанд , оҳангҳое , ки устод ҷур мекунанд инҳо мустақиман характери тарбиявӣ дорад , ман исбот мекунам , суруди " Ҷон писар " , шеъри М . Аминзода ;
ҶОН ПИСАР
Ҷон писар , нахли ҷавонӣ , бош зебӣ дӯстон ,
Меваҳои шаккарин деҳ , аз ту уммедам калон . . .
Як ҷавоне шав , ки байни халқ боло карда сар ,
Бо сарафрозӣ падар гӯяд , ки ман дорам писар . . .
" . . . Меваҳои шаккарин деҳ , аз ту уммедам калон " -- ина таҳлил кунем агар , имрӯз дар шахсияти анамин 4 фарзандашон ҳаст 4 писар , ки ҳама ба камол расидагӣ , соҳибмаълумот , шахсони ба иззату бообрӯъ , инҳо ҳама давомдиҳандаи кори падарашон , мададрасон , қанотҳои қуш , афзояндаи обруъ эътибори падар ҳастанд , ва Ҷӯрабек устоди мо имрӯз бо бисёр сари баланд гуфта метавонанд , ки " . . . Ман дорам писар " , яъне он хондан дар амали зиндагии худашон пайдо шуд .
19 .04 .
4 . ХУРШЕД ОХУНОВ -- МУХЛИСИ ДЕРИНАИ УСТОД
Ҳақ бар ҷониби донишманд аст. Устод воқеан дорои маърифати баланд ва маданияти дараҷаи олӣ мебошанд. Дар бузургӣ ва хоксории Устод, аҳсан ва қурбон шудан мумкин . Шахсияти таърихие ҳастанд , ки номи некашон абадан ба қалби миллат нақш хоҳад баст. Ба ҳар насиҳат ё тарбияте, ки дар сурудҳояшон, китобҳояшон ва гуфторашон ҳастанд, аввал худашон риоя мекунанд. Рафтори нек , гуфтори нек ва пиндору нек. Худшиносии баланди миллӣ доранд. Ҳамзамон , инсондусту башардусту дӯстпарвар ҳастанд. Дӯсташон медорем , Илоҳо умри дарози бобаракат ва саломатии матин ҳамеша насиби Устод Ҷӯрабек Муродов бодо.
Ҷӯрабеко шод бошу дер зӣ,
Номи некат ҷовидон ояд ҳаме.
Сузам ҳама дам чу ошиқи шайдо ,
Аз баҳри суруру дӯстони якто .
Монанди замин баланду пастам , эй дӯст ,
Аммо на чу вай ба некӯ бад бепарво .
Лоиқ
5 . ВОХУРИИ АВВАЛИНИ УСТОД БА ОВОЗХОН ТАҒОЙМУРОД ХУШВАҚТОВ .
Устод Ҷӯрабек Муродов ;
--- Тағоймуродҷон як суруд хонед ?
Тағоймурод Хушвақтов ; Дӯстони азиз , рости гап ман аз хурсанди чӣ гуфтанамаям намедонам , таи солҳои зиёд орзӯ мекардам , ки агар ҳамин вохури баргузор гардад ман ин мегуям он мегӯям ва чунон гуфтаниҳо зиёд буданд , аммо ҳоло . . . , баъди он кашмакашҳо дар Тоҷикистони мо шуда гузашт чанд сол боз бародари азизам Ҷӯрабек Муродов -- а акнун дидам , бори аввал боз дар райони худам Ҷӯрабекҷона пешвоз мегирем ман бисёр хурсандам , ман бисёр Ҷӯрабек -- а дӯст медорам , хуш омадед , сиҳат саломат бошед , ( қарсак ) , нури дида тоҷи сар , ( қарсак ) , бигузор сурудҳои дӯсти азизам доимӣ танинандоз бошад ӯ мардумоя шод карда гардад , бигузор Ҷӯрабеки азиз то вақте , ки соқу саломат аст барои миллат барои халқ барои Тоҷикистони азиз хизмат кунад ва 100 солагии ин бародарро аз Худову орзӯъ дорем баъди сад солагиаш Худо хоҳад ун тарафаша боз маслиҳат мекунем ( қарсак ) , . .
Овози ту табъи дили мо бодо ,
Андар шабу руз кӯшоду гуё бод -- е -- е
Овози ту гар хаста шавад , хаста шавем ,
Овози ту чун нои шакарҳо бод -- е -- е .
Мавлоно
Ҳамчунин боз чанд рубоии дигар танинандоз гашта дар байти охирин мо байти " Хуш омадӣ Ҷӯрабекҷон ба Ёвон -- е -- " , ро мешунавем .
Устод Ҷӯрабек Муродов сухан карда аз ҷумла мегӯянд ; " Когда говорим партия подразумеваем народ , когда говорим Ёвон подразумеваем Тағоймурода " .
Раҳмат азизам , раҳмат . Дӯсти азизи си солаи ман мо шукри Худо 30 -- сол боз дӯст ҳастем , Тагоймуродҷон зинда бошед дӯстам Худо хоҳад Ленинобод , Самарқанд , Бухорою Тошкант Шумоя интизор .
6 . АЛЕКСАНДР СЕРОВ -- ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚИИ ФР
Мо ҳарду ҳамкасбем . Ту муваффақиятҳои калон ба даст овардӣ ки ин шоҳиди бузургию безаволии санъати Туст . Ман ифтихор мекунам , ки имрӯз дар ин саҳна ҳастам ва шарафи табрики Ту муяссарам гашт , сабабгори ин кори хайр тавассути дӯстӣ саховатмандамон Коган Валерий Михайлович аст , вай буд , ки ҳамаи моро хушбахтона руи ин дастархони идона сарҷамъ кард , то мо самимона ва таҳидили шодишарикат бошем .
Боиси қаноатмандист , ки ҳангоми гузаронидани ҷашнҳои мубораки милод танҳо суханҳои нек гуфтан лозим , таманнои ман ;
-- Хоҳонам , ки бозёбӣ накӯиҳо бошӣ ;
-- Роҳнаварди роҳи дуру дарозӣ ҳаёт бошӣ ;
-- Ва ту аз сӯбҳ то шом сурудхон бошӣ ;
-- Ба ту номаҳои дуру дарози бе охир мисоли қатраҳои оби баҳр ворид гарданд ;
-- Садоқат , ҳақиқат ва муҳаббату кулли орзӯҳои наҷибат амалишаванда бошанд ;
-- Китобҳои қатор -- қатори бе номи ба хондан тамомнашавандаат хоста
-- Афрухтани садҳо чароғи хомӯшнашавандаро хоҳонам .
Зодрӯзу шодрӯз муборак дӯстам !
Ана ин таронаҳо нисору туву мухлисонат , таронаҳо танинандоз гаштанд .
Овози ту армӯғони нафаси сур аст ,
З -- он қуввату қути ҳар дили ранҷур аст .
Овоз баланд кун , ки то паст шаванд ,
Ҳар ҷо , ки амирест ва ё маъмур аст .
Мавлоно
7 . Тӯҳфаи Усто Темурмалик аз қишлоқи Путхини ноҳияи Айнӣ ба Устод Ҷӯрабек Муродов соли 1996 .
Устод Ҷӯрабек Муродов ; Ҳамин рӯз меҳмони хонаи мо мулло Темурмалик аз ватан омадаанд 3 сол меҳнати фидокорона бо арақи ҷабин карда чӣ қадар шаби бедорхобиҳо кашида аз як чуби хушки туте , ки мумкин тути 100 сола мӣ ? Аз ҳамон як асбоби мусиқӣ сохта овардаанд .
Усто Тумурмалики Путхини аз ноҳияи Айнӣ ;
Аз даври кӯдаки , ки дили манба буд , барои ҷомаи амал пӯшии орзӯям сохтам , ману Шумо ғоибона дӯст будем , имрӯз шукр , ки рӯ ба рӯ ҳастем , имрӯз ман ҳамон созро барои Шумо ҳамчун тӯҳфа аз таҳти дил бо дастони худам сохта овардам , мехостам , ки дар бораи тасвирҳои дар тор тасвиршударо шарҳ диҳам . Дар ин ҷо гарчанде , ки ман кӯҳистониям ҳаминро ба хотир мебиёрам , ки дар ин ҷо тасвири ман ҳамин аст , ки чакраҳои барфу борон ва ҷолаҳои кӯҳистон борида истодааст , абрҳои даргузар дар ин ҷо тасвир ёфтааст , осмони кӯҳистон гарчанде шабаш торик , лекин ситораҳояш ҳамеша дурахшон аст , ғайр аз ин дар ин ҷо сурати кабутар тасвир ёфтааст аз вақте Шумо Ҷӯрабек -- ако Раиси шурои вилоятии сулҳ ҳастед ман дар ин ҷо сурати кабутарро ҳамчун дар вақти парвоз тасаввур кардагӣ бо тасвирам дили ман ҳаминро мехоҳад , ки кабутар аз масофаи дуру дароз парвоз карда омада истодааст , кулли азобу уқубатҳои рӯи ҷаҳон на танҳо Тоҷикистонро кашида ё бисёраш бартараф шуда истодааст , лек рӯ ба ҷониби беҳбудӣ , аз ҷониби арчаҳое , ки ҳазор сол умр мебинаду ҳамеша сабз аст , кабудизор аст парвоз карда омада истодааст аз ҷиҳати масофа ҳам бинед қариб омада расидаст , дар ин ҷо оби дарёи Зарафшон аз таъсири офтоб нурафшони карда истодааст дар ин ҷо ғайр аз ин саршавии дарёи Зарафшон , шохобҳои вайро ман тасвир кардам , дарёи Масчоҳ аз ин тараф аз тарафи дигар дарёи Фондарё.омада ба худи Варзи Манор якҷоя шудаву номи Зарафшонро мегирад . Ба Самарқанду Бухорою Панҷакент ва дигар шаҳрҳои республикаҳои бародари омада ҷорӣ шуда пахтазор ва гандумзорҳо обёри мешаванд ва фоидаи он мерасад . Ба онҳо ғайр аз ин дар инҷо қаторкӯҳҳои водии Зарафшон тасвир карда шудааст . Дар ин ҷо якчанд суханҳои худро дорам ва дилам мехоҳад ки онҳоро боз такрор намоям . " Ба бародари азизам АХСССР Ҷӯрабек Муродов тӯҳфа аз бародарашон Усто Темурмалики Путхини 1996 сол " .
Як шеъри худро қироъат кардани ҳастам ;
Фахр созам ман зи ту эй Ҷӯрабеки номдор ,
Халқи ман аз санъати ту менамояд ифтихор .
Торе аз тути чубини Путхини овозадор ,
Ҳадя аз Темурмалик баҳри Шумо устоди кор .
" Барои дӯсти наздикам , барои ҳофизи хушхон , барои сазназебоӣ чун созам ту зебоӣ " . Қарсак . Устод торро бо гуфтани ибораи " Бисмиллоҳ " ба даст мегиранд . Илоҳо ҳардумоя рамзи дӯстимо аққалан ҳамун сози Шумою овози ман боз дунёба бароду ҷомаи амал пӯшад ниятомо дия .
Устод ҷомая пӯшонида дастрӯмола сахт миёни Усто Темурмаликба мебанданд ва оғӯшгирии ҳардуро мебинем .
Олимҷон Эрбоев
шаҳри Перми ФР .
аз 5 маи соли 2024 .
------------------------------------------------------------------------------------Барои омода намудани меҳрнома паёмакҳои овозӣ , сабтҳои видеовӣ ва паёмакҳо ( коментария ) , -- ҳо мавриди истифода қарор гирифт .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев