Хонаи шеъру қалам,
Бунёд кардӣ аз алам.
Дар кафат якто қалам,
Дар дилат садҳо алам.
Шеър гӯи аз падар,
Нолаҳо ояд ба сар.
Нолаҳоят ҷон писар,
Аз дилат ояд бадар.
Во дареғи он падар,
Рафта з-олам бехабар.
Ҳамчу боди даргузар
Хунчакон ҷону ҷигар.
Буд ҷавон марди шуҷоъ ,
Баҳри мардум муттако .
Қомати боло баланд,
Мисли Рустам заркаманд.
Тозаву озода буд,
Дил ба мардум дода буд.
Ӯ ки буд кони хирад,
Кӣ зи сар ёдаш барад.
Чун падарпарвар писар,
Гаштӣ моро тоҷи сар.
Хомаат ангеза шуд,
Хирмани нонреза шуд.
Ҳурматат боло гирифт,
Бе муҳобо бе шигифт.
Дар мухаммас бебаҳо,
Бо бузургон ҳамнаво.
Мақсуди ҷону танӣ,
Гарчӣ марди пурғамӣ.
Шеър гӯйӣ ном ба ном
Бо азизони замон.
То бимонад ҷовидон
Номи онон дар ҷаҳон.
Номи родмардони деҳ,
Додӣ бар олам нишон.
Дар танури қалби ту,
Шеър чун нон мепазад.
Ҳамчунон боду ҳаво,
Сӯи меҳан мевазад.
Дар олами меҳру вафо,
Тоҷ аст агар одамгарӣ.
Дар ин сарои пурсафо
Ту дигарӣ, ту дигарӣ.
То ин ки ҳаст арзу само,
Бошӣ саломат доимо.
Бо меҳри худ, бо меҳри мо,
Чун Мустафо, чун Мустафо.
Баҳриддин Мирзоалиев, шоир
соли 2022 , деҳаи Понғоз .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев