Имомназар Хӯҷаназаров, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси хоҷагии ба номи Калинини ноҳияи Ашт .
ҶОЯТОН ДАР ДИЛАМОН
Чанд сол пештар дар як чорабинии акои азизамон Файзуллоҷон Абдуллоев аниқтараш хонадоршавии писарашон Эркинҷон банда низ бо аҳли коллектив иштирок доштам , шарафи сухангӯи низ муяссарам гашта буд . Ва дар ҳамонҷо гуфта будам ; " Агар мардуми ҷамоъати Ошоба баробари вазни раисбобо ҳайкали тилло гузоранд ҳам боз аз раисбобо қарздор мемонанд . . ." яъне хизматҳои раисбоборо гуфтаву нависта тамом кардан ғайри имкон аст . Шодравон доимӣ ба ман " уғлим " гуфта муроҷиат мекарданд . . .
Вақти аъзои ҳизб шуданам ҳам чун аъзои бюрои райком саволро ҳамин кас дода буданд . . .
Чанд рӯз айёми ҷашнгирии 60 --- солагии зодрӯзашон дар мактабҳои ноҳия ҳамроҳ гашта будем чи рӯзҳои некӣ хотирмоне буд , ёд бод он рӯзҳо . . . Бинобар ин мо ҳамкорон ягон лаҳза хотираи некашонро фаромӯш накардаем он доими дар диламон чуқур ҷой гирифтааст . Рости гап кайҳо боз дар дилам ният кардаву азм доштам , ки дар бораи раисбобо ягон маводи лоиқу сазовори ин шариф марди қаҳрамон нависам боиси таасуф аст , ки имконияти мувофиқ нашуд .
Агар кам шуда бошад узр , гуфтаниҳо хело зиёданд ба гуфте " дил пури гапу забон гуфтанба лол . . ." Худо хоҳад умр бевафогӣ накунад қарзи фарзандиро сарбаландона иҷро хоҳам кард , вайда медиҳам . . . Раҳмат ба Файзулло ако , ки моро аз навигариҳои ватан огоҳ карда меистанд . .
Дар ин рӯзи саид ман гапро дароз накарда танҳо як нуқтаро хотиррасон карданиам , ҳарчи шуда бошам аввал Худо , падару модарам , устодонам Имомназар Хоҷаназаров ва Аъзамҷон Каримов -- у аз заҳматҳои беқиёси халқи азизам медонам , шукри буданашон , ин бандаи фақир миннатдору мамнунам . Кулли гузаштаҳоя рӯҳашон шод ва ёду хотираашон ҷовидон гиромӣ бод . Ба сокинони ноҳияи Ашт , ба аҳли оилаву фарзанду набераҳо ва ҳамдиёрони раисбобо шодрӯзи пири корро самимонаву сидқона шодбош мегӯям , иллоҳо Имомназарҳои зиёд тавлид шаванд , давомдиҳандаи асили ташаббусҳои наҷиби пири хирад гарданд .
Айни ҳол ба тасаллияти дӯстони оила ҳамроҳ ошно мегардем ;
1 . МУҲСИН АНОРҚУЛЗОДА
Худо раҳмат кунад.
2 . САРҲАДҶОН БОБОАЛИЕВ
Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бод , ОМИН !
3 . БАҲРИДДИН БЕКНАЗАРОВ
Худо раҳмат кунад .каҳрамони арзанда буданд .Бо сарварии Раисбобо ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаби Ашт азхуд карда ба истифода дода шудааст
Худованд аз биҳишти.. Фирдавс ҷой ато намояд , манзили охираташон обод бошад .
4 . МАҚСУДАЛӢ МУҲАММАДАЛӢ
Дӯсти падарам, марде бо ҳарфҳои калон, саховатманду меҳрубон, номбардори Ватан буданд.
Худо раҳмату мағфираташон кунад раисбоборо!
5 . ОЛИМҶОН ЭРБОЕВ
Хотираи раисбобо шоду рӯҳашон гиромӣ бод , ба мо ҷавонон ҳаққи устоди доштанд , инсон ба маънои пурраи калима буданд , ҳаёташон пандпазиру ибратангез буд . . .
. . . Ҳар кӣ аз ҷо рафт , ҷойи ӯ дил аст ,
Ҳамчу дил андар ҷаҳон ҷояш нест .
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ .
6 . ДИЛБАР ХОН
Инсони хеле обруманду қавиирода буданд Раисбобо! Инҳо ҳамеша дар ёдҳои мо ҷовидонанд, худо раҳмату мағфират гардонад, ёди некашон то ҷовидон дар ёдҳои мост , омин . ..
7 . НУРМАТ АҲМАҶОНОВ
Манзили охираташон обод бод!
Яке аз каҳрамон шогирди Аҳмадҷон Нурматов буданд..ободие,ки Раисбобо баҳри пешравии хоҷагии халки Ашт кардаанд фаромӯш нашаванда аст.
8 .ШӮҲРАТ АБДУСАМИЕВ
Худо раҳмати Имомназар амак Хоҷаназаров як шахсе ки асосгузор ба кушодани бисёри заминҳои бекорхобидаи райони Ашт буданд.
9 . АФЗАЛ АБДУСАМИЕВ
Худо рахмат кунадшон амак инсони бузург буданд, илох,о дар Ч,аннат ул Фирдавсаш манзили охират ато гардонадшон!
10 . МАТЛЮБА МИРЗОЕВА
Зиндаву човид монд хар ки накӯном зист
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
11 . ЗАМИРА МИРЗОМАТОВА
Рӯҳашон шод, манзили охираташон обод бод.
12 . МАВЛУДА ЗОИРОВА
Худо рахмат кунад, ҷояшон ҷаннат бошад. Инсони беҳтарини нохияи Ашт буданд.
13 .РАФОАТ УСАРОВА
Худо раҳмату манзили охираташонро пурнуру обод кунад.
Раисбобо ба гуфти қаҳрамони дигари ҶТ устоди зиндаёд М . Турсунзода , " Ҳар нафас ҳар қатра хун ҳар тори мӯяшон коммунист " , буд . Якрӯю як ақида буданд ва чун аъзои фахрии ҲКТ ин дунёи фониро ба он дунёи боқӣ иваз карданд , ман дуруяҳоро мегуфтам , пештар инсонҳо якғояву ду х . я буда бошанд ҳоло ду ғояву як х . я шудаанд , маъзарат барои истифодаи ибораи ношоиста дигар илоҷ надоштам , боз узр . Сафи ин хел фидокорон дар ноҳияи Ашт қариб ба ду ҳазор мерасид ва ҳатто соли 2000 -- ӯм ноҳияро ноҳияи " камарбанди сурх " ҳам мегуфтанд . . .
Олимҷон Эрбоев
шаҳри Перми ФР
11 .05 . 2024 .
Комментарии 4