.
І. Парвардигоро, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ! (сураи Бақара, ояти 127)
2.Парвардигоро, мову фарзандонамонро фармонбардори худ гардон ва тариқи ибодатро ба мо биомӯз ва тавбаи моро бипазир. Зеро Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ! (сураи Бақара, ояти 128)
3. Парвардигоро, бароямон хубии дунёву охиратро бубахш ва моро аз азоби оташ нигаҳ, дор. (сураи Бақара. ояти 201)
5. Шунидем ва итоат кардем, Худоё омурзиши туро хостгорем, ки саранҷоми ҳама ба суи туст. (сураи Бақара, ояти 235)
6. Худое, агар фаромуш ё хатое кардаем, моро бозхост макун! Парвардигоро, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниходӣ, пешниҳоди гарон бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳамонро авф намо ва моро бубахшу ба мо раҳм кун! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гуруҳ и кофирон пирӯз гардон! (сураи Бақара, ояти 286)
7. Парвардигоро, баъди он ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил нагардон ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, зеро Ту бахшандаӣ! (сураи Оли Имрон. ояти 8)
8. Парвардигоро, мо имон овардем. Гуноҳони моро бубахш ва моро аз азоби оташи дузах нитаҳ дор. (сураи Оли Имрон, ояти 16)
9. Эй Худой ман, бароям фарзанди пок ато кун, зеро ТУ шунавандаи дуо ҳастӣ. (Сураи Оли Имрон, ояти 38)
10. ЭЙ Аллоҳ. ба он чи нозил кардаи, имон овардем Ва ба Паёмбар (с) пайравӣ кардем, моро дар ЗУМРаи шоҳидон бинавис!
11.Парвардигоро, аз гуноҳони мо ва аз исрофкориямон дар корҳо биомурз ва моро собитқадам гардон ва дар муқобили кофирон бароямон мададгор бош.
(сураи Оли Имрон. ояти 147)
12. Парвардигоро, ин чаҳонро беҳуда наофаридӣ, покӣ, моро аз азоби оташи дузах нигаҳ дор! . Парвардигоро, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, хор кардаӣ ва золимонро ҳеҷ мададгоре нест!
(сураи Оли Имрон. ояти 191-192)
13. Худоё, шунидем, ки нидокунандае ба суи имон фарёд мезад, ки ба Офаридгоратон имон оред! Пас мо имон и овардем. Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро бубахш ва бадиҳоямро аз мо дур гардон ва моро ҳамроҳи некон бимирон! (сураи Оли Имрон. ояти 193) оби:
14.Илоҳо, он чиро, ки ба забони паёмбаронат бамоваъда додаи, иҷро намо ва моро дар рузи қиёмат хор макун, ки Ту бар ваьдаи хеш хилоф намекунӣ.
(сураи Оли Имрон, оятн 194)
15. Парвардигоро, бароят имон овардем ва моро аз зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис. (сураи Моида, ояти 83)
16. Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем. агар ту моро набахши ва бар мо раҳм накунӣ, аз ҷумлаи зарардидагон хоҳем гашт.(сураи Аъроф, ояти 23)
17. Худо барои ман кофй аст, Худое ҷуз У нест, бар таваккал кардам ва Уст Парвардигори арши бузург! (сураи Тавба, ояти 129)
18. "Парвардигоро, моро мағлуби ин мардуми ситамкор макун. Бо раҳмати худ моро азин кофирон раҳоӣ бахш! (сураи Юнус, оёти 85-86)
19. Худоё, аз он пурсишҳое, ки ба моҳияти он илми ман кутоҳӣ мекунад паноҳ металабам, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам. Агар маро набахшӣ, ба ҳолам раҳм накунӣ, дар қатори зиёндидагон хоҳам буд. (сураи Ҳуд, ояти 47)
20. Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур бидор.
Сура Оли Имрон, ояти 53) 30.08.2022 17:41
21.Парвардигорам маро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунад.(сураи Қасас, ояти 22) -- 30. 22.Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям фиристодӣ, ниёзмандам.
(сураи Қасас, ояти 24)
23. Эй Худой ман, маро бар мардуми фасодкор нусрат деҳ!(сураи Анкабут, ояти30)
24. Эй Парвардигори ман, маро фарзанди солеҳ ато кун! (сураи Соффот, ояти 100)
25. Худовандо, маро бубахш. то шукри неъмате, ки ба ман ва падару модарам арзони доштаӣ, ба ҷой орам, кори шоиста кунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро ба салоҳ овар. Ман ба суи Ту тавба кардам ва аз таслимшудагонам.
(сураи Аҳқоф, ояти 15)
26. Парвардигоро, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, мағфират намо ва кинаро нисбати муъминон дар дили мо ҷой мадеҳ. Парвардигоро, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!
(сураи Ҳашр. ояти 10)
27. Илоҳо, моро барои кофирон фитна нагардон. Моро бубахш. Худое, Ту пирузманду ҳакимӣ.
(сураи Мумтах,ана, ояти 5)
28. Худовандо, моро комилан нуронӣ гардон ва моро бахш, зеро Ту бар ҳар коре тавоно ҳастӣ!
(сураи Тахрим, ояти 8)
29. Эй Парвардигори ман, маро, падару модарамро ва ҳар ки бо имон ба хонаи ман ворид шавад, мағфират намо ва низ мардону занони муъминро бубахш ва ҳалокияти ситамкоронро биафзой!
(сураи Нуҳ, ояти 28)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10