وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا تُرۡجَعُونَ فِيهِ إِلَى ٱللَّهِۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ٢٨١
ВАз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.Аз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.Аз он рӯз, ки сӯи Худо бозмегардед ва ба ҳар кас подоши амалаш ба тамомӣ дода мешавад ва ситаме намебинад, бимнок бошед.
281. Ва битарсед аз он рӯзе, ки ба сӯйи Худо бозгардонида мешавед, пас, ҳар шахс он чӣ амал кардааст, тамом дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло бори дигар бандагони худро ба тақво амр намуда фармудааст, ки аз он рӯзе бипарҳезед, ки ба сӯи Худо бозмегардед. Дар он рӯз ҳар инсонро ҳисоб гирифта мешавад ва подоши ҳар амале, ки дар дунё анҷом додааст, бе зулму ситам ба пуррагӣ дода мешавад.
Бо ривояти Ибни Аббос (р), Ибни Ҷурайҷ (р), Ато ибни Динор (р), Икрима (р) ва дигарон ояти мазкур охирин ояти Қуръони карим аст, ки баъди ӯ дигар ваҳйи илоҳӣ ба Расулуллоҳ (с) наомад.
Баъди нузули ояти мазкур Расулуллоҳ (с) бо ривояте 9-рӯз ҳаёт диданд. Яъне рӯзи шанбе маризиашон ибтидо шуд ва рӯзи душанбе ба Рафиқи Аъло пайвастанд. (Ибни Касир). Охирон будани ояти мазкур ва дар сураи «Бақара» қарор гирифтани он маънои онро надорад, ки сураи «Бақара» охирин сураи нозилшуда аст. Балки, чунонеки дар пораҳои ба нашррасида, ишора намудем, гоҳо ояте нозил мешуд, Пайғамбар (с) фармон медоданд, дар фалон сура ва дар қафои фалон оят ӯро ҷой диҳанд. Ояти мазкур ҳам аз ҳамин қабил аст. Ояти зер дарозтарини оятҳои Қуръони карим буда, масъалаи муҳиммеро, ки байни мардум аксаран ба низоъ мекашад, яъне роҳҳои шаръии қарз додану қарз гирифтанро баён мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1