Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”!
Ҳангоме, ки як хоину ҷинояткор ва хаёлпарвар ғайр аз машғулияти тафриқаангезии худ ба “таҳлилу баррасӣ”-и вазъияти дохилаи кишвар даст мезанад, набояд фаромӯш сохт, ки барои як хиёнаткору дасисабоз ва милатфурӯш ягон “масоил” ҷуз манфиат вуҷуд надорад. Аз рафтори нангини чунин афроди роҳгумкарда мисли М. Cадриддин бармеояд, ки тамоми он “масоил”-е, ки қарор аст, ӯ иброз намояд, бо иттиҳомот ва баръаксу ҳолати воқеият мебошанд. Ҳоло Муҳаммадиқболи ифрот дасисаашро дар шакли барномаи бо ном “Минбари муҳоҷир” миёни омма ҳавола сохтааст.Чунин типпи шуми ҷомеа, ба мисоли М.Садриддин ҳамеша баҳонаеро “пешгуфтор”-и матлабҳои дурушт ва беадабона, ҳамзамон нокасонаи худ қарор медиҳад, то ин ки ҳадафҳои шум ва даҳшатбори худро, ки зидди сулҳу субот дар Тоҷикистон аст, амалӣ намояд.
М. Садриддин яке аз махлуқоне мебошад, ки зеҳният ва руҳияи хабисаш ӯро аз шайтони риёкор ҳеҷ фарқ намекунонад. Ин хоини ҳақир аз шиддати ҳасодат дар ҳоли фузуни душманони миллати тоҷик чунон истифода мешавад, ки агар трактор мебуд кайҳо ба нокорам мубаддал гашта буд. Аайнан дар ҳамин шакл Муҳаммадиқболи Садриддин бар зидди миллат ва Ватану давлати худ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст.
Акнун хулоса дар дасти ҳар як инсони солимфикр аст, ки чӣ гуна ин типпи шумми зери номи Муҳаммадиқболи Садриддин метавонад мушкилоти миллатро бароварда сохта, эҳтиёҷоти зиндагии мардумро фароҳам оварад. Аслан, чунин афроди бесаводу хаёлпараст кайҳо боз ба доми фиреби қувваҳои беруна афтидаасту аз ҷониби онҳо бо ваъдаҳои дурӯғин мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Ҳоло М.Садриддин на мавқеъ дар ҷомеа дораду на мақсаду марвом гоҳе дида мешавад аз “ғамхорӣ”-и мардум мегӯяд ва гоҳе аз касе норозӣ асту каси дигарро мавриди интиқод қарор медиҳад. Аслан, симои воқеии ӯ аз даъвати мардум барои эътироз ва нооромиҳо ошкор мегардад. Дар хориҷи кишвар ба фаъолияти бо ном рӯзноманигорӣ машғул шудани ӯ беҳуда нест.
Ин хоине, ки худро ҳимоягари мардуми Тоҷикистон метарошад ва ҳарф аз нангу номус мезанад дар аҷабам, ки номуси дигаронро мавриди дашномҳои номардона қарор дода, боз худро мусичаи “бегуноҳ” ҷилва медиҳад.
Самандари Њаким
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев