Мувофиқ ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Имрўз ҷомеаи ҷахониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое ҳаст, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷахонӣ хатар эҷод мекунад.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон паҳн ва интишор мекунанд. Айни замон, гурўҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини Ислом баҳри татбиқи ҳадафҳои нопоки худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурўҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гурўҳҳои ифротгаро ва дигар гурўҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо Исломи асилу ноб робитае надорад. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кўдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Пўшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои Шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқўъ хоҳад омад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурўҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин хеҷ алокамандӣ надорад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди донишҷўёне, ки дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар риштаи диншиносӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуда, аксари онҳо дар муассисаҳои исломии ватанӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ин омили дар ҷумҳурӣ нигоҳ доштани яккамазҳабӣ ва дар маҷмуъ амнияти миллӣ мебошад.
А. Аслиддин,
сокини шаҳри Душанбе
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев