ДИЛАМ БИСЁР МЕХОҲАД...
Дилам бисёр мехоҳад, бубинам,
Замини кишварам обод бошад.
Дилам бисёр мехоҳад, бубинам,
Саросар миллати ман шод бошад.
Дар он бинам, ҳазорон шеъру шоир,
Ва ҳам бишкуфта гулҳои чаманро.
Дар он бинам, ҳазорон марди боор,
Баланд бинам, ман қадри суханро.
Бубинам, шоҳу мискинро баробар,
Бубинам, ман фаровонӣ саросар.
Бубинам, ман дар он сулҳу салоҳе,
Бубинам, халқи ӯ бо ҳам бародар.
Дилам бисёр мехоҳад, бубинам,
Тамоми Точиконро шоду хандон!
Нет комментариев