Чӣ дил бандӣ дар ин дунё, ки мурдори калоғон аст,
Чӣ биншинӣ дар ин манзил, ки охир ҷумла вайрон аст.
Тамошогоҳи Фиръавн асту ишратгоҳи Намруд аст,
Хазинадори Қорун аст, арӯсорои шайтон аст.
Чӣ дил бандӣ дар ин манзил, накардӣ тӯшае ҳосил,
Ҳама афсонаҳо ботил, ки бозиҳои шайтон аст.
Нигар дар боғу дар бӯстон, иморатҳову шаҳристон,
Назар кун сӯи гӯристон, туро гӯяд чӣ фармон аст.
Макун бо симу зар кӯшиш, наёбӣ ҷуз кафан пӯшиш,
Бикун бо хайрҳо кӯшиш, ки дӯзах ҷои сӯзон аст.
Биёранд маркаби чӯбин, на ӯро афсару не зин,
Даруни чодари ғамгин на ӯро сар на сомон аст.
Барандат сӯи гӯристон, ҷудо аз хешу фарзандон,
Лаби ширин, рухи хандон хӯроки мору мӯрон аст.
Биё эй модари мискин, ту биншин бар сари болин,
Дуъоямро бигӯ омин, ки дардамро чӣ дармон аст.
Биё, Ахмад ту зорӣ кун, Худовандо ту ёрӣ кун,
Бикун хайре дар ин олам, ки аз тан к-ӯ ҳазорон аст.
Биё эй Саъдии мискин, даме бар хоки ман биншин,
Бихон ту сураи "Ёсин" савоби ӯ фаровон аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев