Чехраи хандони модар хеч аз едам нарафт,
Нури дар чашмони модар хеч аз едам нарафт.
Мекушад манро азоби дарди бе у буданам ,
Мешавам пазмони модар,хеч аз едам нарафт.
Тори мижгонаш хамида руйи чашмонаш мудом,
Зебиши мижгони модар хеч аз едам нарафт.
Ман садояш карда будам бо забони кудаки,
Гуфт бар ман чони модар хеч аз едам нарафт.
Ед меояд хамеша еди рузи кудаки,
Хонаю айвони модар хеч аз едам нарафт.
Будани модар ба маьно шоду хурсанд зистан,
Хар даму даврони модар хеч аз едам нарафт
У бузург асту бузурги буд андар мехри у,
Дил кунам курбони модар хеч аз едам нарафт.
Чун Мунаввар шеьр гуям бахри модархо мудом.
Мехри дар чашмони модар хеч аз едам нарафт.
Мунаввара Сулаймоновна .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 21
Бузургию бузург баьд аз Худои.
Дуои ту балохоро кунад дур,
Зи доми хар бало созад рахои.
......