Хоҳед аз ин шаҳр ба он шаҳр натозад,
Бо риштаи ҷони нафаре ҳеҷ набозад.
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин!
Хоҳед, ки Миллат ҳама монад ба саломат,
Хоҳед, ки фардо нарасад ҳарфи маломат,
Хоҳед расад рӯзи хушу лаҳзаи роҳат,
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин!
Дар хона нишастан ба чунин рӯз зарур аст,
Ин гуфтаи Синои бузургасту сабур аст,
Душман ба вабо синаи лабрези сурур аст.
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин!
Ҳоло набувад соати таъхир намудан,
Бечора ба ин дарди муғамбир намудан,
Ҳар лаҳза бувад соати тадбир намудан.
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин!
Дигар нагузоред касе воҳима созад,
Савдогараке аз пули беранҷ бинозад,
Хоҳед Ватан парчами иқбол фарозад,
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин!
Хоҳед сабуктар бишавад бори табибон,
Хоҳед, ки ранҷе нарасад баҳри ҳабибон,
Хоҳед сароянд зи Наврӯз адибон,
Эй садрнишинони гиромиву батамкин,
Дарҳол бароред шумо амри карантин! https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
https://www.youtube.com/channel/UCABNLDcTA-nUIQmd5wDpzIw?view_as=subscriber
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев