الترمذي والحاكم في المستدرك
(حديث صحيح )
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Зиёну ранҷ шахсерост, ки номи Ман наздаш зикр шавад ва бар Ман салавот нафиристад; зиёну нокомӣ шахсерост, ки моҳи Рамазон фаро расад ва сипарӣ шавад ва гуноҳони ӯ мағфират нашаванд; зиёну нокомӣ шахсерост, ки падару модари пирашро дар ҳаёташон дарёбаду дохили биҳишт нашавад».[ Яъне, қадри ин се неъматро надонист, дар ҳоле ки инҳо фурсату сабаби аз гуноҳ пок шудан ва ворид шудани Биҳишт мебошанд.]
(Ривояти Тирмизӣ ва Ҳоким)
Шарҳи ҳадис
Салавот гуфтан бар Пайғамбар (с), рӯзаи моҳи Рамазонро бо ихлос доштан ва эҳтироми падару модар намудан сабаби дохил шудан ба биҳишт мегардад. Пайғамбар (с) зимни ин ҳадис фармудааст: «Зиёну ранҷ дидааст, касе, ки номи Муҳаммад (с) дар маҷлисе гуфта шавад ва ба ӯ салавот нафиристад. Зиёну хасорат дидааст, касе, ки моҳи Рамазонро хуб ва бо тоату ибодат нагузаронад ва фурсати ба биҳишт даромаданро аз даст диҳад. Зиёну хасорат дидааст, касе, ки падару модар ё яке аз онҳоро дар ҳаёт дарёфтаву дуои онҳоро нагирифта, дохили биҳишт нашудааст. Ин фурсатҳои хеле хубу муносиб барои ба даст овардани ризои Парвардигор аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев