🔹 Тарҷумаи гуфтор:
Аҳмад ибни Абдурраҳмони Толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди абди солеҳ дар хонаи он ҳазрат будам, пас ӯро дар фароғате ёфтам, пас ба ӯ гуфтам: Фидоят шавам, оё аз ту суъоле бипурсам? Пас бо ишораи сар фармуд: Оре, пас дарёфтам ки дар ҳоли зикр аст, пас гуфтам: Инон дар бораи Зулқарнайн ихтилоф мекунанд ва ту олими онон ва саййиди онон ҳастӣ, пас агар салоҳ мебинӣ -фидоят шавам- ки ононро дар бораи ӯ аз торикӣ ба нур берун оварӣ, ин корро бикун! Он ҳазрат даранге кард то зикрашро ба поён расонад, сипас фармуд: Манро во гузор аз ин фурумоягони худбузургбин ки бар Худованд чизҳое мебанданд ки ба он илме надоранд! Оё намедонӣ ки ин илм ганҷе аз ганҷинаҳои биҳишт аст ки ба ҳамроҳи Одам алайҳи салом аз он фуру омад ва сипас ба паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон аз фарзандони ӯ интиқол ёфта то он гоҳ ки ба ҳамроҳи охиринашон ба биҳишт бозгардад?! Оё мехоҳӣ ки чунин ганҷеро дар дастони кӯдакон ва девонагон ва афюниён қарор диҳӣ?! На ба Худо савганд инон бар он амин шумурда намешаванд ва аз аҳли он нестанд ва дар миёни онон ...
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2682/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев