* Матни нақд:
Баҳси ақлонист ва лузуми он ва ҳамхонӣ бо шариъатро комилан хондам ва баҳсҳои дигар дар дасти мутолиъа аст. Аз инки муқаллид ва тақлидро бозшикофӣ кардаанд бисёр хурсанд шудам ва аммо инки хотимияти Паёмбари Исломро бо имомат васл кардаанд на ақлонӣ ёфтам ва на мувофиқи Қуръон; Ақлонӣ аз инки 11 имом дар даврони кӯтоҳе аз торих меоянд ва мераванд ки ҳеҷ кадом аз он бузургворон, рисолаӣ набигуна бар башарият надоштаанд, ило Ҳусейн (а) ки золимситезиро омӯзиш дод ва пайравонаш мутаъассифона дар маросими азодории он бузургвор, худ зулмпарвар шудаанд. Ҳузур ва зуҳури 11 имом ва қатъи ногаҳонии рисолати ононро мухолифи адолати Илоҳӣ ёфтам ки бар уммати ҳозир рафтааст ё ки инро шайтанате бар алайҳи Ислом ва ташобеҳ ба силсила маротиби шоҳаншоҳӣ медонам ки муллоён барои худ сохта ва пардохта ва дунёи худро пур кардаанд (дакокин).
Ишора ба ояҳои «وَ نُرِیدُ أَنْ نَمُنَّ» ва оёти муносиби он ҳеҷ гуна исботи зуҳури имом Маҳдиро башорат намедиҳад, балки бештар насли башар ба такомули фикрӣ ва ақлонии ӯ аст ки ҷаҳони ояндаро хоҳад сохт ва дину динбозӣ ҳам хотима меёбад (ояҳои «فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِی فَطَرَ النَّاسَ» муъаяди ин башорат аст) ва ҳазорон ва ва ва-и дигар.
Чи хуб буд ки рӯй дар рӯй ин баҳс идома медошт.
* Матни баррасӣ:
Бародари арҷманд!
Ба назар мерасад ки шумо ба далили адами мутолиъаи комил ва муназзами китоби <<Бозгашт ба Ислом>> аз як сӯ ва адами диққати кофӣ дар иборот ва адиллаи зикр шуда дар он, дучори иштибоҳ шудаед. Аз ин рӯ, шойиста аст ки ба тавзиҳоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
Аввалан <<Ақлоният>> ба маънои мутобиқати як бовар бо зеҳният ва зоъиқаи мазҳабии шумо нест, бал ба маънои мутобиқати он бо китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар рӯшанойии ақли салим аст ки комилан бар хилофи пиндори шумо, барои бовар ба хилофати дувоздаҳ тан аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, вуҷуд дорад; Чароки дар
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/%D0%BC%D1%83%D1%88%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D0%B4/1346/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев