Расонаи туркӣ дар матлабе менависад, бастаи кумакии ҷадиди Амрико ба Украина, роҳе барои тӯлонӣ кардани як даргирии харобиовар ва маргбор аст.
Ба гузориши ба нақл аз Спутник, “Орхан Алтипармек”, сутуннависи нашрияи туркии “dikGAZETE” дар матлабе дар мавриди мавзӯи мубрами кумакҳои ҷадиди Амрико ба Украина менависад, пас аз оғози Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дар 24 феврали 2022, Русия мавриди ҳамлаи иқтисодии бузурги кишварҳои ғарбӣ қарор гирифт: Таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, мусодираи дороиҳои Русия ва таъйини сақфи қимати нафт. Ғарб ҳамчунин саъй кардааст дар бисёре аз заминаҳо ба мардуми Русия фишор ворид кунад: Варзиш, ҳунар, маҳдудият дар парвозҳо, хуруҷи брандҳои ҷаҳонӣ аз Русия, озору азияти ҳар фарди русӣ дар кишварҳои дигар…
Ва акнун апрели 2024 аст. Маскав ҳамалоти иқтисодиро дафъ карду ҷони солим ба дар бурд. Масирҳои парвозии ҷойгузин эҷод шудааст. Барномаҳои такмилӣ барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти иштиғол дар кишвар тадвин шудааст. Кӯдакону ҷавонон дастрасӣ ба омӯзишро аз даст надоданду бахши муроқибатҳои беҳдоштӣ беҳбуд ёфт. Дар натиҷаи Русия фақат қавитар шуд.
Бо вуҷуди ҳамалоти мукаррари террористии режими Киев, мардуми Русия ҳаргиз рӯҳияи худро аз даст надоданд. Ҳар шаҳрванди русӣ ба хубӣ медонист чи касе пушти ин ё он ҳамлаи террористӣ аст ва тарҷеҳ медод аз ошуб ҷилавгирӣ кунад, ба давлати худ эътимод карду ҳатто бештар ба кишвараш вафодор шуд. https://tajikpress.com/2024/04/24/%d0%b1%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b3-%d0%b8-61-%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%bb%d0%b8%d0%b0%d1%80%d0%b4-%d0%b4%d0%be%d0%bb%d0%bb%d0%b0%d1%80%d3%a3-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев