🔸 Матни пурсиш:
Оё биринҷ закот дорад? Нисоби он чиқадар аст?
Оё закот додан фақат барои масраф кунанда аст ё касе ки ба қасди тиҷорат, гандум ё тилло ва ... ро мехарад то ду рӯз баъд бифурӯшад ҳам бояд закот диҳад?
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] руъуси аҳкоми «Закот» ро табйин фармудааст. Мутобиқ бо баёни эшон, Расули Худо саллаллоҳ алайҳи ва олиҳи ва саллам закотро дар гандум, ҷав, хурмо, кишмиш, тилло, нуқра, шутур, гов ва гӯсфанд қарор дода ва дар биринҷ қарор надодааст, вале халифаи Худованд дар сурати салоҳдид метавонад онро ба фарохури замон ва макон дар чизҳои дигаре аз ҷумла биринҷ қарор диҳад. Оре, ривоёте аз аҳли байт расидааст ки аз вуҷуди закот дар ҳар маҳсули зироъӣ паймонае монанди биринҷ ҳикоят дорад, вале ин ривоёт дар таъоруз бо ривоёти дигаре аз онон аст ки бар адами вуҷуди закот ҷуз дар маҳсулоти зироъии чаҳоргона ҳикоят дорад ва бо ин васф, ҳамли бар истиҳбоби закот дар ҳар маҳсули зироъӣ паймонае монанди биринҷ мешавад. ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3463/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев