Саҷдаи саҳв иборат аз ду саҷдае аст, ки намозгузор онро ба хотири ҷуброни хатои ҳосилшуда дар намоз адо менамояд. Он чи дар саҷадаи намоз гуфта мешавад, дар саҷдаи саҳв низ ҳамонро мегӯяд.
Ҳикмат аз саҷдаи саҳв он аст, ки намозгузор Шайтонро аз васвасаи кардааш ноумед мегардонад.
Сабабҳои саҷдаи саҳв:
Саҷдаи саҳв се сабаб дорад ва он ба таври зерин аст:
1. Аз рӯи иштибоҳ зиёд сохтани чизе дар намоз;
2. Аз рӯи иштибоҳ кам сохтани чизе аз намоз;
3. Ба вуҷуд омадани шубҳа байни ду кор, ки кадоме аз он рух дода аст.
Саҷдаи саҳв дар баъзе ҳолатҳо қабл аз салом ва дар баъзе ҳолатҳо баъд аз саломи намоз анҷом меёбад.
Ҳолатҳои саҷда қабл аз саломи намоз:
1. Агар иштибоҳ аз рӯи кам кардани чизе аз намоз сурат гирад, ба мисли он ки касе “Субҳона Раббиялаъло”-ро фаромӯш созад.
2. Вақте дар коре аз корҳои намоз шак кунад ва ҳеҷ кадоми он дар назараш бартарӣ наёбад, бо яқинаш амал карда, намозашро ба ҷо меорад ва дар охир саҷдаи саҳв мекунад.
Масалан, шахсе дар намози аср оиди он ки дар ракъати дуюм аст ё якум, шак намояд ва ҳеҷ яке аз ин ду барояш бартарӣ пайдо накунад, дар ин сурат намозашро ду ракъат гуфта, пеш аз салом саҷда мекунад.
Ҳолатҳои саҷда баъд аз саломи намоз:
1. Агар хато аз рӯи зиёд кардани чизе аз намоз, ба монанди зиёд намудани рукӯъ ё саҷда сурат гирад.
2. Агар дар коре аз корҳои намоз шак кунад ва яке аз он ду барои вай бартарӣ ёбад, дар ин сурат намозашро бар асоси он чи дар назараш бартарӣ ёфта аст, ба ҷо меорад ва баъд аз салом додан саҷда мекунад, сипас дубора салом медиҳад.
Масалан, шахсе ҳангоми адои намози аср шубҳа мекунад, ки магар дар ракъати дуюм аст ё якум, вале яке аз ин ду дар назараш бартарият меёбад, дар ин ҳолат намозашро бар асоси он чи бартарӣ ёфта аст, ба ҷо меорад ва баъд аз салом саҷда менамояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев