Агар намозро қабл аз даромадани вақти намози дигар бихонӣ, қазо ҳисоб мешавад? Масалан, намози пешин соати 13:00 ва намоз аср соати 17:30 бошад, дар соати 15:00 ё 16:00 намози пешинро бигузорем, қазо ҳисобида мешавад? 
  • Класс
Домулло Ҳикматулло яке аз маъруфтарин уламои дини ислом натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ба шумор мерафт ва даргузашти ин рӯҳонии машҳурро донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо талафоти бузурге барои мазҳаб, барои миллат ва барои давлат номида, чунин гуфтааст: “ Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат."  подробнее тдж: https://oila.tj/news/domullo-ikmatullo-
“Дамирбекро Нигина машҳур кард” гуфтани мардум беҳуда нест. Дар ҳақиқат Дамирбек Олимов, ки як замон донишҷӯ ва овозхони навкор буд, баъди сароидани бадеҳае бо Нигина Амонқулова якбора машҳур шуд. Худи Дамирбек низ иқрор мешавад, ки Нигина дар рушди санъати ӯ саҳми босазо дорад. Дамирбек Олимов, яккаписари хонадон баъди азобҳои зиёди кӯдакиву наврасӣ имрӯз миёни ҷомеа мавқеи худро дорад. Фишурдаи суҳбати Орзу Исоевро бо Дамирбек Олимов манзури шумо мегардонем. подробнее тдж: https://oila.tj/news/damirbek-olimov-nigina-khoari-man-astand
  • Класс
Ҳамватанони азиз ин ҳодисае, ки ба сари ин ҷавон омад, ба сари ҳар як бандаи Аллоҳ омаданаш мумкин аст. Лашкарбек ба ҷароҳату табобати ҷиддӣ ниёз дорад. Биёед даст ба дасти ҳам шуда, ин ҷавони азияткашидаро аз ботлоқи ранҷу азоб наҷот диҳему дунёи ӯро бори дигар рангин созем! Нафароне, ки мехоҳанд дар моҳи шарифи Рамазон ба ин муҳоҷири ба кӯмаки бародарон ниёздошта дасти сахои худро дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 89047963662 ва ё ба корти ӯ маблағи хайри худро гузаронанд: 54 69 4200 13918894 (СБЕРБАНК)  подробнее тдж: https://oila.tj/news/tadir-lashkarbekro-ba-ki-am-ovard
Таъкид шудааст, ки домоду арӯс ва меҳмонон бояд ба базмгоҳ бо ниқоб биёянд. Кормандони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳое, ки базмҳои тӯёна гузаронида мешаванд, муваззаф гардонида шудаанд, ки риояи қоидаҳои пешгирии коронавирусро зери назорат гирифта, касеро бидуни ниқоб даромадан нагузоранд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/madudiyato-dar-guzaronidani-ty-va-marakao-bartaraf-shudand-ammo
  • Класс
Мошин ба сокини деҳаи Зайнабобод Азизов Бузургхӯҷа Розиқовичи 47-сола таалуқ дошта, ноболиғ бе ҳуҷҷати ронандагӣ сари чамбарак менишинад ва ҳангоми ҳаракат дар роҳи деҳаи Дарёобод-1 кӯдакони хурдсол- Неъматов Тоҳири 6-сола, Шарифов Абдуллоҷони 5-сола ва Шарифов Эмомуддини 10 соларо пахш мекунад.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/dashat-bachai-17-sola-bo-moshin-se-kdakro-zer-kard
  • Класс
Аксари кӯдакон як одати бад доранд, чашми ронандаро хато карда, албатта ба қафои мошин мечаспанд ва ба қавли худашон “кататся” мекунанд. Чунин шӯхии кӯдакона дар шаҳри Ҳисор бо фоҷиа анҷом ёфта, боиси марги як писарчаи 9-сола гашт. Вазорати умури дохилаи кишвар аз марги фоҷиавии як кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Ҳисор хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш як рӯз қабл, санаи 29-уми март, тахминан соатҳои 12:30 дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ба вуқуъ пайвастааст.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/shkhii-kdakona-boisi-margi-pisarchai-9-sola-gasht
  • Класс
Вазорати умури дохилии Тоҷикисон аз боздошти зани 31-солаи тоҷик бо гумони содир намудани ҷиноят хабар додааст. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад, як зани 56-солаи сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки шахси номаълум аз манзили истиқоматии ӯ ба маблағи 21 500 сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагиро ба яғмо бурдааст. Кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят собиқ арӯси ин хонаводаро боздошт намудаанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/kelin-khushdomanro-orat-kard
  • Класс
Тавре ки манбаъ мегӯяд, санаи 29-март, тахминан соатҳои 19.30 байни ин зан ва шавҳари солхӯрдааш, ки аз худаш 34 сол калон будааст, ҷангу ҷанҷол ба амал омадааст. Дар ҷараёни ин моҷарои оилавӣ зан бо белу каланд шавҳари 79-солаашро бераҳмона лату кӯб кардааст. Дар натиҷа мӯйсафед ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, алайҳи зани бераҳм бо қисми 1-и моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз ёфааст. подробнее тдж: https://oila.tj/news/khand-zani-avon-shavari-mysafedashro-beramona-latu-kb-kard
  • Класс
Показать ещё