ШИКАСТАНИ ТЕҒИ ҒАЗАБ.
Ӯлмас Ашӯров аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, овони кӯдакӣ аллакай муҳофизи Ватан буданро ба дил мепарварид. Ӯ 29 августи соли 1972 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми МТМУ №25 соли 1989 паи орзуи деринаш рафт ва ба омӯзишгоҳи олии фармондеҳи қӯшунҳои ҳарбии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил гашт. Пас аз хатми он, соли 1993 вақте ба зодгоҳ баргашт, дар ватан бесарусомониҳо сар зада буд. Аз қадамҳои аввалини фаъолияташ барои ҳимоя ва барқароркунии сохти конститутсионии Тоҷикистон камар баст. Дар овони ҷавонӣ ҷои сарводаҳои ширини зиндагиро ба садои тир, дунёи ишқу ошиқиро ба майдони муҳориба иваз намуд.
Аз соли 1993 то 1997 дар мавзеъҳои Тавилдара, Шӯробод, Хабуработ, Сағирдашт, Миёнадур, Хипшон, ки вазъияти муташанниҷ ҳукмрон буд, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кард. Дар ҷангҳо аз командири рота то сардори ситоди қисми низомии 08014, ки командири баталёнаш Шералӣ Мирзо буд, фаъолият кард. Моҳи сентябри соли 1993 барои аз дасти мухолифин гирифтани ағбаи Хабуработ ҷанги шадид мерафт. Ниҳоят онро ба даст оварданд ва ба дигар деҳоти атроф роҳ кушода гашт. Дар ин ҷанг хуни бисёр рехт ва бародар аз дасти бародар кушта гашт. Бо дидани ин ҳолат, ки як ҳамватан ба сари ҳамватани дигар теғ мекашад, дилаш пурхун мегашт. Ин захм аз захмҳои тиру туфанг дардноктар метофт. Ҳар лаҳза ба ҷангҷӯёну иғвогарони мансабталош лаънатҳо мехонд. Марги ҳар як ҳамсафаш доғе дар дилаш мегузошт. Соли 1995 дар яке аз задухӯрдҳои назди деҳаи Ҷӯри Болои атрофи шаҳраки Тавилдара худаш низ захмдор мегардад.
Аз он лаҳза рафиқаш Анварҷон Ҷалолов, сокини деҳаи Кӯшкак ёдовар мешавад:
- Ротаи Ӯлмас дар болои куҳ бо гуруҳи оппозитсионӣ меҷангиданд. Ногоҳ ба мухобара рамз расид, ки фавтидани афсарро мефаҳмонд. Ҷасади афсар, то ки ба дасти мухолифон наафтад, аз он ҷо овардан лозим буд. Дар ин хусус маслиҳат мерафт, рамзи дигар омад, ки захмӣ будааст. Гуфтанд, ки афсар конибодомӣ аст. Бо шунидани ин аз ҷоям ҷастам ва гарчанде аз қисми ҳарбии дигар - 08015 будам, гуфтам, ки барои оварданаш тайёрам. Ба ман иҷозат доданд. Ду нафар роҳӣ шудем. Тир чун жола меборид. То болои кӯҳе, ки дастаи Ӯлмас меҷангид, бо азобе дар се соат расидем. Ӯро ёфтам, аз пояш захмӣ шуда, хуни бисёр рафта буд. Дар пуштам бардошта, бо як гаштан то штаб омада расидем. Ҳамроҳам як аскари ярадори дигарро гирифт. Раҳораҳ ӯро ба гап задану аз ҳуш нарафтан водор мекардам ва мегуфтам, ки ту намемирӣ, чунки Ӯлмас ном дорӣ ва волидонат беҳуда ба ту ин номро нагузоштаанд (маънии Ӯлмас аз забони ӯзбекӣ «ҷовид» аст). Ҳақиқатан умраш дарозӣ кард, баъди муолиҷа боз муборизаро давом дод. Ҳамон рӯз бо роҳи камхавфе, ки дар бозгашт пайдо кардем, ҳамаи кушташудагону ярадоронро овардем.
- Ҳар лаҳзаи ин ҷанг чу санги кӯҳ гарон буд, - мегӯяд Ӯ. Ашӯров. - Мушкилии кор дар он буд, ки мухолифи мо бародарони худи мо буданд. Агар душман аз хориҷ бошад, бо нафрату бераҳмона меҷангӣ. Аммо ба сари ҳамватани худ теғ кашидан… Худованд дигар он рӯзҳоро нишон надиҳад. Вақте Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, дар ноҳияи Восеъ будем. Баробари шунидани он гўё санги вазнине аз сина фикандем. Шодона якдигарро табрик мегуфтем ва сано ба Сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон мехондем, ки ин ваҳдати деринтизорро насибамон гардонд. Теғи ғазаб ниҳоят бишкаст. Ин сулҳ, ки бар ивази ҷони садҳо ҳамватанон ба даст омадааст, барои халқи мо пурарзиш аст ва онро бояд ҳифз намуд.
Ӯлмас Ашӯров пас аз ба низом омадани ҳолати кишвар дар қисмҳои ҳарбии 08015, 08020, 14356 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст.
Барои иштироки фаъолона дар барқароркунии сохти конститутсионӣ бо медалҳои "Барои хизматҳои ҷангӣ", "Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ", "Барои иштирок дар амалиётҳои ҷангии солҳои 1993 - 1997", "20 соли хизмати шоён" ва ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва комиссариати ҳарбии ш.Конибодом сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 2003 нафақахӯри вазорати мудофиа мебошад. Солҳои 2010-2016 раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи барқароркунандагони сохти конститутсионӣ" дар шаҳри Конибодом буд. Баъди ба нафақа баромадан то соли 2018 дар мактаби №25 чун омӯзгори фанни дифоъ ва тарбияи ҷисмонӣ фаъолият бурд.
Марҳабо МУЛЛОҶОНОВА.
Рӯзномаи “НУРАФШОНИ КАНД” №5-6 (113) аз 24 июни соли 2020
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 13