Дили доғу кабоб дорад муҳоҷир.
Шароби ғам чакад андар гулуяш,
Куҷо майли шароб дорад муҳоҷир?
¡¡¡¡¡¡¡¡¡¡¡¡¡☆☆☆☆☆
Гаҳе дар фикри кору фикри хона,
Дигар дар сар чиҳо дорад муҳоҷир?
Ба ғайри ҳасрату дарду аламҳо,
Дигар дар бар чиҳо дорад муҳоҷир?
★★★★★★
Ба кунҷи хилвате гиряд нихонӣ,
Ки ин дам уст ғуломи "халқа бар гуш"
Дар ин синни ҷавонияш ба армон,
Ки сад бори гароне дора(д) бар душ.
☆☆☆☆☆☆
Гаҳе дарди миён гаҳ дарди пой аст,
Гаҳе бо пойи луч дар дурни лой аст.
Гаҳе аз дасти пастиҳои ин даҳр,
Ба сад доду фиғон дар оҳу вой аст.
♡♡♡♡♡♡♡
Гаҳе дар кучаҳо мисли гадо аст,
На хону бому дар дорад муҳоҷир.
Ба ёди хонаву фарзанду модар,
Ҳамеша чашми тар дорад муҳоҷир.
.¿¿¿¿¿¿¿¿¿¿
Барор хоҳам дар кори муҳоҷир,
Бувад Яздон мададгори муҳоҷир.
Сафоӣ қатрае ифшо намуди,
Аламҳои дили зори мухочир!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев