Зи дури дуриҳо бар ту дуруду сад салом Модар, Зи фарзандони раҳдурат салому ҳам паём Модар. Дуо кун баҳри фарзандон дуоят мустаҷо гардад, Ки беҳтар аз дуои ту набошад ҳеҷ калом Модар. Набуди ту агар модар набудем мо дар ин дунё, Надорад кас дар ин дунё мисоли ту мақом Модар. Ту ҳам офтобу ҳам маҳтоб,ки бе ту торикаст дунё, Нагардад чашми рӯзи мо кушода субҳу шом Модар. Тамоми олимону шоирону ҳам адибонро, Шири ту пухта месозад агар чанде,ки хом Модар. Агар фарзанд май аст модар ту ҷомӣ заррини холи, Намерезад соқи май набошад холи ҷом Модар. Набини ҳеҷ дарду ғам дар ин дунёву он дунё, Ки то бошад ҷаҳон бошӣ ҳамеша шодком Модар.
Эй бародар дори Μодар аз бароят давлат аст, Дар Ηамозаш мекунад ҳардам дуъоят давлат аст. Гар биёи аз сафар меҳмон дар пушти дараш, Лаҳзае хандида пешат мебарояд давлат аст.