Зиндагӣ якранг набудӣ дар азал...
Яке доро,дигар нодор...
Яке хандон,дигар гирён...
Яке доно,дигар нодон...
---------
Яке зоре ба як пора замин аст,
Яке бехона нолону ғамин аст.
Яке дорад даҳҳо мулку манзил,
Яке дорад хона мисли оғил.
Яке шаҳд мехӯрад аз шаҳди дунё.
Яке заҳр мехӯрад аз заҳри дунё.
Яке бо макру ҳилла марди пулёб,
Яке дар роҳи покӣ марди дилоб.
Яке курсинишин шодону хандон,
Яке дар мулки рус ҳайрону гирён.
Яке пулдор шуду болонишин шуд,
Яке бепул,дареғ,поеннишин шуд.
18-05-2024.
Хам Падару хам Модар, бахри мо чону чигар,
Бе Падару бе Модар, чун ятиме дар ба дар.
Баьди рафтан аз хает чи лозим санги мармар,
Хизмат кунед дар хает, бахри Падару Модар!!!