Фильтр
Все темы

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН, МУХЛИСОН ВА ҲАВОДОРОНИ ГУРУҲИ ◆❁✿-КиТоБи ЗиНдАгИ-✿❁◆

БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАСТАГИИ ШУМО ТАСМИМ ГИРИФТЕМ БА ТАВРИ БОЗИ БАРНОМАЕРО ПЕШКАШИ ШУМО НАМОЕМ

ТАРТИБ ВА ШАРТИ БОЗИ ЧУНИН АСТ: 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 ҲАР ЯКЕ АЗ ШУМО БО ТАРТИБИ МУАЙЯН РАҚАМҲОРО АЗ 1 ТО 10 МЕНАВИСЕД. ВАҚТЕ КИ НАВБАТ БА РАҚАМИ 9 МЕРАСАД , НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 9 РО МЕНАВИСАД БА НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 10 РО НАВИШТА МЕНАМОЯД СУОЛЕ ПЕШНИХОД МЕНАМОЯД. СУОЛ БОЯД ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ОДОБ ПЕШНИҲОД ШАВАД:( ХАДИС ГУЕД, САЛАВОТ ФИРИСТЕД, ПАНДЕ ГУЕД, ШЕЪРЕ ДАР ВАСФИ МОДАР, ВАТАН ,МЕҲАН) БОВАРИ ДОРЕМ ИН БОЗИ ПИСАНДАТОН МЕОЯД ВА ШУМО ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА МЕНАМОЕД... БА КАСЕ НОФАҲМО БОШАД ,ШАРМ Н
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 1 июля 2020 в 02:42
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 28 ноября 2017 в 16:32
𝐀 ⋆ 𝐊 ⋆ 𝐁 ⋆ 𝐀 ⋆ 𝐑 彡
добавлена 9 сентября 2016 в 17:24

ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГӢ...📖

__________🍃📖🍃__________
.......Инсон нимаи аввали умраш, барои ғурураш меҷангад...
.......Ва нимаи дуввуми умраш, ба дунболи чизҳое меафтад, ки ба хотири ғурураш аз даст додааст.....

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
....Ҳоли нодонро, зи нодон беҳ намедонад, касе,
....Гарчӣ дар дониш фузун аз Бӯали Сино бувад.
.....Таъни нобино мазан, ай дам, зи биноӣ зада,
.....Он, ки нобино ба кори хештан бино бувад.

ПАНДРЕЗА...📖

_________🍃📖🍃_________
.....Нокасе, гар аз касе боло нишинад, бок нест,
3-он, ки хас дар рӯйи обу зери дарё гавҳар аст.

ПАНДРЕЗА...📖

________🍃📖🍃________
.....АГАР ПАНДИ ХИРАДМАНДОН, БА ШИРИНИ НАОМӮЗӢ,
.....ФАЛАК ОН ПАНДРО РӮЗЕ, БА ТАЛХИАТ БИОМӮЗАД.

ПАНДИ НИЁГОН...📖

________🍃📖🍃________
.....Агар чизи бисёр дошта бошӣ, аз молат бидеҳ, агар кам дошта бошӣ, аз қалбат бидеҳ.
✍️Ҷалолиддини Румӣ

БА КИҲО БОЯД РАҲМАТ БИГӮЕМ?...

______🍃📖🍃______
🌼...... ҲЕҶ КАС БЕҲУДА ВОРИДИ ҲАЁТИ ШУМО НАМЕШАВАД!...
......Ба онҳое, ки дар гӯши шумо “АФСОНА” гуфтанд, “РАҲМАТ” гӯед...
......Чунки шуморо аз хоби ғафлат бедор карда, ҳушёртар намуданд.✔️
🍃......Ба ононе, ки ҳақиқати талхро ошкоро гуфтанд, “РАҲМАТ” гӯед...
......Зеро чашми ақли шуморо кушоданд.✔️
🌼......Ба онҳое, ки дили шуморо озурданд, захмин карда, дард доданд, “РАҲМАТ” бигӯед...
......Онҳо бо ранҷу азоб ба шумо сабрро омӯхтанд.✔️
🍃......Барои рафторҳои ғаюронаву адоватмандонаи баъзеҳо “РАҲМАТ” гӯед...
......Чунки ба Шумо нерӯманд шуданро омӯзонданд.✔️
🌼......Ба онҳое, ки ба шумо меҳрубонӣ карданд, хурсандӣ бахшиданд, албатт

ПАНДРЕЗА...📖

****
.....Гӯши хар кӯтоҳ кардӣ, асп шуд, оё магар?
.....Ҷони ман, зотист, баъзе вижагиҳои¹ башар!

ҚИССА...📖

💫🌺💫 Рӯзе писараки хурдсоле Намоз мехонд ва бо ашк дуо мекард.
Марде аз ӯ пурсид: ---Ту ҳоло хурд ҳастӣ, инқадар гиряву зорӣ чаро ?
💫 Писарак гуфт:
--- Модарам, вақте хӯрок мепухт, аввал чӯбҳои хурдро дохили оташ мепартофт...
💫🌺💫 Метарсам, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат аввал хурдҳоро ба оташи сӯзони ҷаҳаннам напартояд.

ПАНДРЕЗА...📖

______🌼🍃🌼______
........Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист?...
......Гуфт: “Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).

ПАНДИ НИЁГОН...📖

Рақибо, фитна камтар кун, ба ҷонам,
Мазан, теғи ҳасад бар устухонам.
Ба ҳарфе хонумонатро бисӯзам,
Ҳазар кун, шоирам, оташзабонам!
✍️Абдусалом Деҳотӣ

ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ...📖

________🌺🍃🌺________
.......Бархе инсонҳо, шуморо тарк мекунанд, аммо ин поёни достони шумо нест.
......Ин поёни нақши онҳо дар достони шумост.

ПАНДРЕЗА...📖

________🥀📖🥀________
«Аз дўст ба ҳар захме афгор набояд шуд,
В-аз ёр ба ҳар ҷавре безор набояд шуд!».

ДОҒИ ЗИНДАГӢ...📖

🥀.....Одамӣ, агар паёмбар ҳам бошад, аз забони мардум осуда нест!
🍃.....Зеро, агар бисёр кор кунад, мегӯянд, аҳмақ аст!
🥀.....Агар кам кор кунад, мегӯянд, танбал аст!
🍃.....Агар бахшиш кунад, мегӯянд, ифрот мекунад!
🥀.....Агар ҷамъгаро бошад, мегӯянд, бахил аст!
🍃.....Агар сокиту хомӯш бошад, мегӯянд, лол аст!
🥀.....Агар забоноварӣ кунад, мегӯянд, пургӯву сафсатагӯ аст!
🍃.....Агар рӯза бидораду шабҳо намоз бихонад, мегӯянд, риёкор аст ва агар накунад, мегӯянд, бедин аст!🥀🍃🥀

ПАНДРЕЗА...📖

Соате, гар хоб рафтӣ, соате гар хестӣ,
Соати дигар надонистӣ, ки дигар нестӣ....

ПАНДНОМА...📖

_________🌼🍃🌼_________
...... Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,
......Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.
......Ба гуфтори ширин фиребанда мард,
......Кунад, он чи натвон ба шамшер кард.

ПАНДНОМА...📖

________🍃📖🍃________
.....Бо ақли маризи хеш солим нашудем,
.....Омӯхта илму, лек олим нашудем.
.....Андар сари мо, ки ҳукм меронад ҷаҳл,
.....Мо бар сари ҷаҳли хеш ҳоким нашудем.

ПАНДРЕЗА...📖

________🍃📖🍃________
........Он вақт боадолат мешавӣ, ки заҳри беадолатиро чашида бошӣ....☝️
Показать ещё