(имсол, нимаи Шаъбон ба 20-уми апрели 2019 рост меояд.)
💐 🌸 🌷 🌺 💐 🌸 🌷 🌺 💐
💡 Касе аз мо маъсуму бегуноҳ нест, то фариштавор бизияд ва бе лағзише ҳамвора роҳи рост пӯяд ва аз ӯ дар ҳаққи Худо, дар ҳаққи худ, ё дар ҳаққи бандагонаш кӯтаҳие сар назанад.
☝ Одамизодаем ва шири хом хурда, гоҳе аз рӯи васвасаи шайтон, гоҳе аз хӯи бад, гоҳе аз беадабӣ, гоҳе аз пургуноҳӣ, гоҳе аз тирагии нафс ва пайравии ҳавову ҳавас бо касе аз бародарону хоҳарон, хешовандону наздикону дӯстон хилоф меварзем ва кин мегирему қатъи дӯстиву тарки рафтуомад мекунем.
❗ Нимаи моҳи Шаъбон фурсатест нодир барои ҳар мусулмоне, ки хоҳад хатоҳои худро ислоҳ кунад ва бо он, хушнудии Худо, омурзиши ӯ ва роҳи духули биҳишт ҷӯяд, зеро Худои таъоло барои ин моҳ вижагие бахшида аст, ки бар ҳама офаридагонаш менигарад ва ононро мавриди омурзиш қарор медиҳад, магар, мушрикро, то ин ки ба яктогии ӯ имон овараду ӯро ба яктогӣ парастад ва мусулмони кинатӯзро то ин ки бо хасмаш оштӣ варзад ва сафҳаи душманогӣ ва кин дарнавардад.
☀ То нимаи моҳи Шаъбон ба ҷуз чанд рӯзаке боқӣ намонда аст, пас, бикӯш, то аз касе ки байни ту ва ӯ хусумате рух дода аст, ё байнат хилофе пайдо шуда аст, ё кине ба миён омада аст, ё хотирранҷише шуда аст, узр ва авф хоҳӣ ва касеро ки зулмат карда аст, афв кунӣ ва бар касе ки дар ҳаққат бадӣ карда аст, аз рӯи карам бибахшӣ. Зеро Аллоҳ таъоло аз рӯи караму фазлаш дар нимаи ин моҳ гуноҳи ҳама бандагонашро меомурзад, ба ҷуз гуноҳи ду нафарро, яке он ки ба Худо шарик оварда аст ва яке онки байни ӯ ва байни бародари мусулмоне, ё хоҳари мусулмоне кинаву адоват аст.
💎 Дар ҳадисе бо ривояти Абу-Саълаба аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада аст, ки гуфт:
إِنَّ اللَّهَ يَطَّلِعُ عَلَى عِبَادِهِ فِي لَيْلَةِ النِّصْفِ مِنْ شَعْبَانَ فَيَغْفِرُ لِلْمُؤْمِنِينَ، وَيُمْلِي لِلْكَافِرِينَ، وَيَدَعُ أَهْلَ الْحِقْدِ بِحِقْدِهِمْ حَتَّى يَدَعُوهُ.
☝ Шаби нимаи Шаъбон, Аллоҳ бар бандагонаш менигарад, онгоҳ, муъминонро меомурзад ва кофиронро вомеҳилад (то ба ӯ гараванд) ва кинатӯзонро бо кинаашон вомегузорад, то ин ки кинаро вогузоранд (ва аз кӯтаҳиҳои якдигар даргузаранд ва бо ҳам оштӣ кунанд).
〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰
📚 "Муснад"-и Имом Амад, "Саҳиҳ"-и Ибни Ҳиббон, Мусаннаф-и Ибни Абу-Шайба, "Ал-муъҷаму-л-кабир", 18036, 18039 ва "Ал-муъҷаму-с-сағир"-и Табаронӣ, "Шуъаби-л-имон"-и- Байҳақӣ, ривоятгаронаш муътамаданд, ҳадиси саҳеҳун лиғайриҳист.
🔸 🔅 🔹 🔅 🔸 🔅 🔹 🔅 🔸
💬 Дар ҳадиси дигар Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамин маъниро таъкид мекунад:
يَطَّلِعُ اللَّهُ تَبَاَرَكَ وَتَعَالَى إِلَى خَلْقِهِ لَيْلَةَ النِّصْفِ مِنْ شَعْبَانَ فَيَغْفِرُ لِجَمِيعِ خَلْقِهِ إِلَّا لِمُشْرِكٍ أَوْ مُشَاحِنٍ.
☝Шаби нимаи Шаъбон, Аллоҳ таборак ва таъоло ба сӯи офаридагон(и яктопараст)-аш менигарад, онгоҳ, ҳама офаридагонашро меомурзад, магар мушрик ва кинатӯзро.
〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰
📚 "Ал-муъҷаму-л-кабир"-и Табаронӣ, 16639 аз Муъоз ибни Ҷабал, ҳадиси саҳеҳ аст.
🔸 🔅 🔹 🔅 🔸 🔅 🔹 🔅 🔸
⛔ Айб аст, ки Аллоҳ ҳамаи халқашро биомурзад ва ту ҳамрадифи мушрике дар миёнаи бахшудагон набошӣ. Зиёнест ивазнопазир, ки дар байни миллиардҳо халқаш ҷое барои ту пайдо нашавад, ки шомили раҳмат ва шоистаи омурзиши Офаридгор гардӣ.
📛 Дареғ аст, худро аз ин неъмат ва фазли бузург маҳрум кунӣ, он ҳам ба баҳонаи ночизе, ба сабаби сухане, ба сабаби ранҷише аз бародари мусулмон ва ё ихтилофе бо хоҳари мусулмонат, ё ба сабаби ноҳамдигарфаҳмие?
❓ Оё ин зиёнкорӣ нест?
💡 Дар ёд бояд дошт, ки ин фазл ҳар соле як бор рух медиҳад. Шояд, шайтон васвасаат кунад, ё ба худ гӯӣ, ки оштӣ кардан бо фалон бародар, ё хоҳар дар нийятам ҳаст, аммо ҳанӯз вақташ нарасида аст, Худо хоҳад, то соли дигар бо ӯ оштӣ мекунам ва ин хилоф аз байн мебарам. Гирифтам, ин ки нийяти содиқ дорӣ, аммо оё ту замонат дорӣ, ки то соли дигар мезиӣ? Ё ки он бародар, ё хоҳар, ки ту бо ӯ кина метӯзӣ, то соли дигар зинда мемонад?
🚫 Шояд, шайтон кинаварзиятро дар назарат нек ҷилва диҳад ва дарунатро бо кибр пурбод кунад ва дар гӯшат бихонад, ки ту соҳиби ҳақ астӣ, чаро ту назди ӯ меравӣ? Ту барои чи худатро дар пеши ӯ паст мезанӣ? Оё мардӣ надорӣ? Мардум чи мегӯянд? Оё обрӯи худро мерезӣ? Ӯ худаш кист? Ту аз ӯ бузургсолтарӣ. Ту фалон корашро анҷом додӣ ва мушкилашро ҳал кардӣ, ӯ аз ту қарздор аст. Ту бар ӯ ҳақҳо дорӣ, пас, ӯ бояд назди ту биояд ва узрхоҳӣ кунад, на ту. Шояд, шайтон дар гӯши ӯ низ ҳамин васвасаро хонда аст ва ӯро бар тарки ин кори нек водошта аст, то туро ва ӯро гӯл занад ва аз омурзиш ва раҳмати Худо бенасибатон созад. Камоли гӯлӣ ва бехирадӣ ҳамин аст, ки лаҷомат дар дасти шайтон бошад, ки ҳар куҷо хоҳад туро биронад ва аз ҳар куҷо ки нахоҳад, боздорад.
🔆 Агар лаҷомат дар дасти шайтон набошад, пас, дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихораву таъхир нест.
👍 Агар ӯ аз ту дур аст, дил аз душманӣ бишӯй ва телфонакатро бардору занге бизан ва узр бихоҳ ва оштӣ кун!
👍 Агар наздик аст, дил аз кина пок кун ва ният тоза гардон ва барои хушнудии Худо қадаме чанд ранҷа дор ва ба дари хонааш раву дарашро бикӯб ва ин ҳадиси Паёмбарро ва фазли нимаи Шаъбонро ёд овар ва узрхоҳӣ кун ва тарҳи оштӣ андоз!
⚡ Мегӯӣ, ки метарсам, ки узрамро напазирад ва дарро бар рӯям бандад ва ё маро биронад, ё носазоям гӯяд, онгоҳ шарманда шавам.
☝ Бидон, ки барои Худо кореро кардан, дар назди Худо сарфарозист, на шармандагӣ. Шармандагии воқеъӣ рӯзи Қиёмат аст, ки барои оштӣ накардан ва кина варзидан мавриди хашми Худо қарор гирӣ.
🔹 Агар озоре бинӣ, хуш ба ҳолат, ки аз барои Худо озор дидаӣ!
🔸 Агар барои Худо биравӣ ва узрат напазирад, Худо узрат пазирад.
💫 Агар барои Худо туро касе аз дар биронад, ту иззат ёфтаӣ ва Худои таъоло туро аз дари раҳмат ва омурзиш наронад!
❗ Ту ин корро аз барои Худо бикун ва парво мадор, ки оқибаташ бо чи меанҷомад, Худои корсоз коратро месозад ва оштиро байни шумо меандозад ва тирагии дилҳоятонро маҳв мекунад.
⚠ Агар он бародарат узратро напазирад ҳам, боре дар назди Худо узре дорӣ, ки кӯшидӣ ва муваффақ нашудӣ ва ҳатман, подоши савобатро хоҳӣ гирифт...
💡 Шояд, Худои таъоло бо омурзидани бандагонаш дар нимаи моҳи Шаъбон, баъзе аз бандагонашро барои моҳи Рамазон омода мекунад, то аз гуноҳонашон покашон созаду ононро шоистаи истиқболи моҳи мубораки Рамазон гардонад.
❗ Аз Худои таъоло талабгорам, ки байни дилҳои мо улфат афганад, дар ҳар кори нек комёбамон созад, аз дилҳои мо тирагии бадбиниву кинаву адоватро бизудояд ва онро бо нури имону улфату меҳру эҳтирому меҳрубониву дӯстӣ рӯшан кунад ва якдилу якпорчаву муттаҳидамон гардонад!
〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰
✍ Фирдавсии Нуралиён, 07.05.2017, Истанбул.
💐 🌸 🌷 🌺 💐 🌸 🌷 🌺 💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2