💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
💬 Аз Вакиъ ибни Ҷарроҳ (раҳимаҳуллоҳ) овардаанд, ки гуфт:
زَكَاةُ الْفِطْرِ لِشَهْرِ رَمَضَانَ كَسَجْدَتِي السَّهْوِ لِلصَّلاةِ ، تَجْبُرُ نُقْصَانَ الصَّوْمِ كَمَا يَجْبُرُ السُّجُودُ نُقْصَانَ الصَّلاةِ
☝ “Закоти Фитр барои моҳи Рамазон монанди саҷдаи саҳв барои намоз аст: нуқсони рӯзаро ҷуброн мекунад, ҳамчуноне ки саҷдаи саҳв нуқсони намозро ҷуброн мекунад.”
〰〰〰〰〰〰〰〰〰
📚 “Ал-маҷмуъ”-и Имом Нававӣ, ҷ.6.
━━━━➳༻❀✿❀༺➳━━━━
💭 Имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят карда аст, ки:
قَالَ : فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ زَكَاةَ الْفِطْرِ صَاعًا مِنْ تَمْرٍ أَوْ صَاعًا مِنْ شَعِيرٍ عَلَى الْعَبْدِ وَالْحُرِّ وَالذَّكَرِ وَالأُنْثَى وَالصَّغِيرِ وَالْكَبِيرِ مِنْ الْمُسْلِمِينَ وَأَمَرَ بِهَا أَنْ تُؤَدَّى قَبْلَ خُرُوجِ النَّاسِ إِلَى الصَّلاةِ
💡 Фиристодаи Худо {саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам} закоти Фитрро ба андозаи як соъ аз хурмо, ё як соъ аз ҷав бар ҳар бандаву озод, марду зан, хурду бузург аз мусулмонон фарз гадонид ва фармуд, ки он пеш аз хуруҷи мардумон ба сӯи намоз (-и Ид) пардохта шавад.
〰〰〰〰〰〰〰〰〰
📚“Саҳиҳ”-и Имом Бухорӣ, 1407.
💡 Соъ тақрибан баробари 2.97, ё бино бар раъйи гурӯҳе аз донишмандон 2.035 кг аст.
📃✍ Тарҷумаи Фирдавсии Нуралиён, 30.05.2019, Аҷмон, ИМА.
💐🌺🌷🌸💐🌺🌷🌸💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1