💐 🌺 🌷 🌸 💐 🌺 🌷 🌸 💐
Барг таҳвил мекунад Рамазон,
Бори тавдиъ бар дили ихвон.
🌸 🌼 🌺
Ёр нодида сер, бирафт,
Дер наншаст нозанин меҳмон.
🌸 🌼 🌺
Ғодара-л-ҳуббу суҳбата-л-ихвон,
Форақа-л-хилла ъишрату-л-хиллон.
🌸 🌼 🌺
Моҳи фархунда рӯй барпечид,
Ва алайка-с-салому, ё Рамазон!
🌸 🌼 🌺
Алвидоъ, эй замони тоъату хайр,
Маҷлиси зикру маҳфили Қуръон.
🌸 🌼 🌺
Муҳри фармони эзидӣ бар лаб,
Нафс дар банду дев дар зиндон.
🌸 🌼 🌺
То дигар рӯза бо ҷаҳон ояд,
Бас бигардад ба гуна-гуна ҷаҳон.
🌸 🌼 🌺
Булбуле зор-зор менолид,
Бар фироқи баҳор вақти хазон.
🌸 🌼 🌺
Гуфтам, андуҳ мабар, ки боз ояд,
Рӯзи Наврӯзу лолаву райҳон.
🌸 🌼 🌺
Гуфт: Тарсам, бақо вафо накунад,
В-арна ҳар сол гул дамад бустон.
🌸 🌼 🌺
Рӯзи бисёру ид хоҳад буд,
Тирамоҳу баҳору тобистон.
🌸 🌼 🌺
То ки дар манзили ҳаёт бувад,
Соли дигар, ки дар ғарибистон.
🌸 🌼 🌺
Хок чандон аз одамӣ бихурад,
Ки шавад хоку одамӣ яксон.
🌸 🌼 🌺
Ҳар дам аз рӯзгори мо ҷузвест,
Ки гузар мекунад чу барқи ямон.
🌸 🌼 🌺
Кӯҳ агар ҷузв-ҷузв баргиранд,
Муталошӣ шавад ба даври замон.
🌸 🌼 🌺
То Қиёмат, ки дигар оби ҳаёт,
Боз гардад ба ҷӯи рафта равон.
🌸 🌼 🌺
Ё раб, он дам, ки дам фурӯ бандад,
Малакул-мавт воқифу шайтон.
🌸 🌼 🌺
Кори ҷон пеши аҳли дил саҳл аст,
Ту нигаҳ дор ҷавҳари имон!
〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰 〰
✍ Саъдии Шерозӣ, мавоъиз, қасоиди форсӣ
💐 🌺 🌷 🌸 💐 🌺 🌷 🌸 💐
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев