Предыдущая публикация
Дар гуфтугӯи оқилон девона зинда бош!
Он ҷо, ки аз ҳақиқати мутлақ сухан кунанд,
Нашнида гиру бо ду-се афсона зинда бош!
Гар як баҳор киштаи деҳқон нуму накард,
Дар зери хоки зиндагӣ чун дона зинда бош!
Дар байни беситорагон чун шуълаи умед,
Дар байни ин заифакон мардона зинда бош!
Рӯзе агар ба хонаи хуршед ҳам расӣ,
Бо ҳамниёзии ду-се бехона зинда бош!
Дастат агар ба гардани Маҳтоб ҳам расад,
Дар сояи муҳаббати ҷонона зинда бош!
[1982]
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 18
Бо як суханаш варо ту беакл махон.
Диди,ту ки гулбуттае дар сояи кух,
Рустаст, биёру дар гулистон бинишон.
Эй сода, чи парво куни аз бешу камаш ?
Он сон ки бихохи, ончунон зиндаги кун,
Бар дил набари то хама догу аламаш.
Моро ба фиреб дастомуз кунад.
Гар кузаи пуштро кунад гур дуруст,
У комати сарви хамаро куз кунад.
Боз ор басе гуяду бозор кунад.
Дар дахр касе наёфтам к-аз паи акл,
Аз бехунарии хеш икрор кунад.
Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд.
Дар зиндагиям ба чои гул хор диханд,
Чун даргузарам, ба гури ман гул монанд.
"Некиву бади чудо-чудо мемонад".
Аз содаги даъвои бузурги накунем, Мо содабузургем, худо медонад.
Паёме бар лабу дил омадам ман.
Ду гети ранги сохил, ман чу дарё,
Бурун аз харду сохил омадам ман.
Сармад
Чахонхо хуфта андар ин чахоне.
Бахоро, сабз кун хоки азизон,
Ки буд андар фаромуши замоне.
Ба гуш омад садои маргазанхо.
Забони хар мазоре роз мегуфт,
Ки гардад хок рузе ин чаманхо.
Чу шоир дарди олам кас нагуяд.
Зи хоки дигарон гар сабза хезад,
Зи гури мо дарахти нола руяд.
Ба чашми дил хакикатро напоши.
Дарин як лахзаи кутохи умрат,
Дили сохибдилонро мехароши.
Бе болу паре ба арш парвоз куни.
Дар рохи нишеби умр шав сарафроз,
Пул нест чавони, ки пасандоз куни.
Аз шоди хурам бода, ки он дармон аст.
Чоме, ки ба ёди дустон бардорам,
Ширин ба мисоли чехраи онон аст.
Девонагиям дар ишк афсона нашуд.
Ду хонаи чашми ман фуру рафт ба об,
Хайхот, ки чашми ту ба ман хона нашуд.